Раҷаб Амонов
Таърихи таваллуд | 1 август 1923 |
---|---|
Зодгоҳ | Ӯротеппа |
Таърихи даргузашт | 27 май 2002 (78 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | адабиётшиносӣ ва фолклоршиносӣ[d] |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои филология |
Унвонҳои илмӣ | академики АИҶТ |
Алма-матер | Институти давлатии педагогии Душанбе (1947). |
Ҷоизаҳо |
Раҷаб Амонов (1 августи 1923, Ӯротеппа — 27 майи 2002, Душанбе, Тоҷикистон) — фолклоршинос, мунаққид ва нависандаи тоҷик. Узви пайвастаи АИ ҶТ (1981), доктори илмҳои филология (1968), профессор (1970). Аълочии маорифи Тоҷикистон (1960), Ходими хизматнишондодаи илми Тоҷикистон (1991), дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1997). Иштирокчии ҶБВ (1941—1945).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1939 ба факултети филологияи ДДОД ба номи Т. Шевченко дохил шуда, пас аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ соли 1947 онро хатм кардааст. Солҳои 1947—1949 ассистенти кафедраи адабиёти донишкадаи номбурда буд. Аз соли 1950 то охири ҳаёташ дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ Тоҷикистон фаъолият дошт. Мудири бахш (1954—1958), мудири шуъбаи фолклор (1958—1991), сарходими илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон. (1991—2002).
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар мавзӯъҳои мухталифи адабиётшиносӣ кори илмӣ бурдааст. Муаллифи таълифотҳои илмии «Очерки эҷодиёти даҳонакии Кӯлоб» (1963), «Аз паи ҳикмати халқ» (1963), «Асари бадеӣ ва замон» (1970), «Қиссаи беди баланд, чанори пургул ва себи Самарқанд» (1981), «Рубоиёти халқӣ ва рамзҳои бадеӣ» (1987, Теҳрон 1998), «Рӯбоиёти халқии тоҷикӣ ва рамзи бадеӣ» (1995) мебошад. Бо кӯшиш ва заҳматҳои ӯ китобҳои «Эҷодиёти даҳонакии Кӯлоб» (1956, 1963), «Чистонҳо» (1957, бо Я. Калонтаров), «Афсонаҳои халқии тоҷикӣ» (бо К.Улуғзода, 1957), «Намунаҳои фолклори диёри Рӯдакӣ» (1958, 1963 бо М. Шукуров), «Эҷодиёти даҳонакии водии Зарафшон» (1960), «Афсонаҳои халқии тоҷикӣ» (1963, 1975, 1980), «Баёзи фолклори тоҷик» ба табъ расидаанд. Баъзе аз ин китобҳо ба забонҳои русӣ, немисӣ ва англисӣ тарҷума ва чоп шудаанд. Бо иштироки ӯ маҷмӯаҳои бачагонаи «Афсонаҳо барои бачаҳо» (1958), «Ҳафт додарон» (1962), «Лаку Пак» (1966), «Меҳрбону» (1968), «Фариштамоҳ» (1969), «Ҳасанак» (1972), «Нахӯтак» (1979), «Рӯбоҳи ҳиллагар» (1985) ва ғ. ба табъ расидаанд. Китобҳои дарсии адабиёт барои синфҳои 3 ва 6, китоби омӯзиши фолклор (бо В. Асрорӣ) бо ҳаммуаллифии ӯ таҳия гардидаанд. Дар фаъолияти ӯ иншои асарҳои бадеӣ низ мавқеи босазо дорад, ки аз ҷумлаи онҳо «Дар домани кӯҳҳои кабуд» (1961), «Навбаҳори чашмасор» (1978), «Дар нимароҳи умр» (1988), «Қиссаҳои сари кӯҳи баланд» (1990), «Пушаймонӣ» (1993), «Арӯс ва ё қиссаи зангирии писари ҳамсоя» (1996), «Қиссаҳои диёри чашмасор» (1995), «Ишқи найнавоз» (1996) мебошанд.
Асарҳои Раҷаб Амонов ба забонҳои русӣ, украинӣ, англисӣ, немисӣ ва ғ. тарҷума шудаанд. Раҷаб Амонов дар Симпозиуму конгрессҳои байналмилалӣ дар мазӯъҳои марбут ба эҷодиёти даҳанакии халқи тоҷик суханронӣ кардааст.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ордени Ҷанги Ватанӣ дараҷаи 2-юм,
- «Дӯстӣ»,
- медалҳои «Барои ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941—1945»,
- «Сисолагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941—1945»,
- «Чилсолагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941—1945»,
- «50-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС»,
- «60-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС»,
- «70-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС»,
- «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В. И. Ленин»,
- «Ветерани меҳнат»,
- ифтихорномаҳои Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон,
- Аълочии маорифи халқ (1960),
- Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1991),
- Соҳиби Ҷоизаи ба номи С. Айнии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1995),
- Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1997).
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Очеркҳои эҷодиёти даҳонакии аҳолии Кӯлоб, Д., 1963;
- Лирикаи халқии тоҷик, Д., 1968.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ. — Душанбе: Дониш, 2011. — 216 с.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон(тоҷ.). www.tgpu.tj. 5 июни 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 23 июни 2017.
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 1 август
- Зодагони соли 1923
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Истаравшан
- Даргузаштагони 27 май
- Даргузаштагони соли 2002
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Докторони улуми филология
- Академикҳои АИ Тоҷикистон
- Дорандагони ордени Ҷанги Ватанӣ дараҷаи II
- Сарфарозшудагон бо медали «Барои ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941—1945»
- Сарфарозшудагон бо медали «Ветерани меҳнат»
- Дорандагони ордени Дӯстӣ
- Олимон аз рӯи алифбо
- Мақолаҳои хурд дар бораи одамон
- Олимони Тоҷикистон
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Филологони Тоҷикистон
- Олимони Фарҳангистони улуми Тоҷикистон
- Барандагони Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино
- Аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон