Зарфи миқдору дараҷа
Jump to navigation
Jump to search
Зарфи миқдор ва дараҷа ба ҳамдигар хеле наздик мебошанд.Ба зарфи миқдор калимаҳои зерин дохил мешаванд:бисёр (бисёртар),бисёр-бисёр, зиёда, зиёд(зиёдтар), андак (андаке),кам (камтар), камубеш, яктагӣ, қадре, як миқдор, хеле(хело), басе(басо), лаболаб, танҳо-танҳо,гурӯҳ-гурӯҳ ва ғайра.
Мисолҳо[вироиш]
- Дили одам ҳамин хел-дия,андаке ғам ё хурсандӣ кифоя аст,ки оби дидааш шашқатор шавад (Фазлиддин Муҳаммадиев).
- Азимшоҳ аз ҷойи нишондодаи қозӣ қадре поёнтар нишаста, ба ҳаққи ҷаноби олӣ дуо кард (Садриддин Айнӣ).
Зарфҳои дараҷа инҳо мебошанд:бағоят, мутлақо, басе, беҳад, бисёр, камакак, торафт, тамоман, тамоман, як дараҷа ва ғайра.
Мисолҳо[вироиш]
- Бояд эътироф кард,ки мардуми оддию ранҷбари япон басе серғайрат, меҳнатдӯст ва ҷонсахт аст (Абдусалом Деҳотӣ).
- ...гоҳ чун марди ҳалими бағоят орому солор пеши назараш ҷилвагар мешавад (Фазлиддин Муҳаммадиев).
Нигаред[вироиш]
Манбаъ[вироиш]
- Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик. Қисми 1: Фонетика ва морфология.- Душанбе: Дониш, 1985.- с.270