Зарфи сабаб
Зоҳир
Зарфи сабаб сабаби ба вуҷуд омадани ё наомадани амалу ҳолатро ифода мекунад. Ин гурӯҳи зарфҳо миқдоран хеле каманд: ночор, ноилоҷ, саҳван, маҷбуран, беихтиёр, тасодуфан.
Мисолҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ночор сари аспро аз он тараф гардонда ба сари дигар кӯча нигоҳ карда давондам (Садриддин Айнӣ).
- Берунӣ ва донишмандони дигар ҳам ноилоҷ ба онҳо пайравӣ намуданд (Сотим Улуғзода).
Зарфи сабаб аз ҳисоби таркибҳои устувор пурра гашта истодааст: чор-ночор, хоҳу-нохоҳ, хоҳам-нахоҳам, бечуну чаро, баҳудаву беҳуда.
Мисолҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Сад бор ба худ қавл додааст, ки забонашро нигоҳ дорад, ба одамон беҳудаву баҳуда пичинг нагӯяд (Фазлиддин Муҳаммадиев).
- Маҳмуд китобро кушода хоҳаму нахоҳам варақ задан мегирад (Сотим Улуғзода).
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик. Қисми 1: Фонетика ва морфология. — Душанбе: Дониш, 1985. — 274 саҳ.