Зархаридӣ
Зархаридӣ — ҷиноят ба муқобили сулҳу амнияти инсоният буда, дар м. 401 КҶ ҶТ пешбинӣ гардидааст. Мувофиқи Конвенсия оид ба манъ будани ҷалб кардан, истифода ва таълими зархаридон аз соли 1989, на фақат кирдори зархаридон, инчунин кирдори шахсоне, ки ҷалб, таълим, истифода ва маблаггузорни зархаридонро бо амал мебароранд, ҷиноят эътироф мешавад.
Мувофиқи қисми 1 моддаи 401 КҶ ҶТ ҷавобгарии ҷиноятӣ барои ҷалб, таълим, маблағгузорӣ ё таъминоти дигари моддии зархаридон, инчунин истифодаи онҳо дар задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ муқаррар гардидааст. Моддаи мазкур чунин ҳолатҳои ивазнинкунандаи зархаридиро пешбинй мекунад;
- агар кирдорҳои дар қ. 1 м. 401 КҶ ҶТ пешбинишударо шахс бо нстнфода аз мақоми хизматн ё нисбати ноболиғ содир намуда бошад (қ. 2, м. 401 КҶҶТ).
- иштироки зархаридон дар задухӯрди мусаллаҳона ё амалиётҳои ҷангй (қ. 3 м. 402 КҶҶТ).
Мувофиқи эзоҳи м. 401 КҶ ҶТ шахсе зархарид эътироф карда мешавад, ки махсус ҷалб гардида, бо мақсади гнрифтани подоши моддй амал мекунад, шаҳрванди давлат намебошад, дар заду хӯрдҳои мусаллаҳона ё амалиёти ҷангй иштирок мекунад, дар ҳудуди он сукунати доимй надорад, ба ҳайати шахсии қувваҳои мусаллаҳи давлате, ки дар ҳолати ҷанг қарор дорад, шомил намебошад ё барои иҷрои вазифаҳои расмй дар ҳайати қувваҳои мусаллаҳ аз ҷониби давлати дигар фиристода нашудааст. Субъекти ҷиноят шахси вокеии мукаллафи ба синни 16-солагӣ расида шуда метавонад. Тарафи субъективӣ бо гуноҳ дар шакли қасд тавсиф меёбад.[1]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 169-170
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |