Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Зафар Мирзоён

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Зафар Мирзоён
Таърихи таваллуд: 5 май 1945
Зодгоҳ: н.Ховалинг
Таърихи даргузашт: 7 июн 2023
Шаҳрвандӣ: Тоҷикистон
Навъи фаъолият: Профессор, пажӯҳигар, рӯзноманигор, публисист

Зафар Мирзоён (Зафар Мирзоев, зод. 5 майи 1945,ноҳияи Ховалинг — 7 июни 2023, Тоҷикистон) — рӯзноманигор, публисист ва шоҳномапажӯҳи тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Донишомӯхтаи мактаби миёнаи № 1 ноҳияи Ховалинг (1962), донишкадаи шарқшиносӣ (1972) ва иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1994).

Ассистенти кафедраи форсии донишкадаи шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1972—1973), мутарҷим дар Афғонистон дар коргоҳҳои ҳамкориҳои техникии ИҶШС (1970—1971, 1989—1986), мудири шуъбаи идеологии кумитаи ҳизбии ноҳияи Ховалинг (1986—1991), мудири ширкати «Митра» (1991—2003), роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб (2003—2007).

Ӯ беш аз 10 сол дар шаҳри Кӯлоб маҳфили «Шоҳномахонӣ»-ро сарварӣ кардааст. Ҳамзамон солҳои 2010—2015 дар кафедраи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб барои донишҷӯён дар мавзуъҳои «Баёни андеша бо забони тоҷикӣ», «Усули нақднигорӣ дар журналистикаи муосир» дарс гуфтааст.

Зафар Мирзоён дар расонаҳои хабарии Тоҷикистон ва Эрон беш аз 500 мақолаи илмиву публитсистӣ ба интишор расонидааст. Андешаҳои ӯ то ҳол дар 3 китоб бо унвонҳои «Ҷашни Наврӯз — омили худогоҳии миллии тоҷикон» (Душанбе, 2013), «Ниёиши некон ва покон» (Душанбе, 2014) ва «Худовандагори сухани порсӣ» (Душанбе, 2015) ба табъ расонидааст. Ӯ ҳамчунин раиси бахши минтақаи Кӯлоби Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» буд.

Зафар Мирзоён шаби 7 июни 2023 дар 78-солагӣ аз дарди медаву рӯда даргузашт[1].

  1. Рао/Ро. Зафар Мирзоён, донишманди тоҷик даргузашт(тоҷ.), Радиои Озодӣ (7 июни 2023). Проверено 7 июни 2023.