Зебо Валихоҷаева

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Зебо Навераевна Валихоҷаева (тав. 06. 07. 1945, ш. Самарқанд), муаллими забони олмонӣ. «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1997)

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1969 факултети забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Самарқандро хатм кардааст. Солҳои 1969–1974 муаллими кафедраи забони олмонии Донишгоҳи давлатии Самарқанд, 1974–1993 муаллим, муаллими калони кафедраи забонҳои хориҷӣ, 1993– 1996 муаллими калони кафедраи забони олмонии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Қ. Ҷӯраев, 1996–2000 муаллими калони кафедраи забонҳои хориҷии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, 2000–2007 мудири кафедраи забони олмонии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон мазкур буд. Муаллифи якчанд дастурҳои методӣ оид ба таълими забони олмонӣ аст.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Практикум по немецкому языку. Методическое пособие по немецкому языку для начинающих, Д., 1998;
  • Дидактический материал по самостоятельной работе студентов 1–2 курсов, Д., 2005.

мукофот[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1997) ва ифтихорномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз карда шудааст.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]