Зебуннисо Рустамова
| |
Иттилоъоти инфиродӣ | |
Ҷинс | зан |
Номи пурра | Рустамова Зебинисо Сангиновна |
Кишвар | Иттиҳоди Шӯравӣ, Тоҷикистон, Русия |
Тахассус | Устоди хизматнишондодаи варзиши ИҶШС |
Бошгоҳ | Ҷамъияти варзишии «Динамо» |
Зодрӯз | 29 январ 1955 (69 сол) ё 1955 |
Зодгоҳ | Душанбе, ҶШС Тоҷикистон |
Қад | 156 сантиметр |
Зебинисо Рустамова (Рустамова Зебинисо Сангиновна; 29 январи1955, Душанбе, ҶШС Тоҷикистон) — ифтихори варзиши тоҷик аз рӯи тирпаронӣ аз камон, устоди дараҷаи байналхалқии варзиш, довари хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи биринҷии Бозиҳои XXI олимпӣ (17 июл — 1 августи соли 1976, Монреал).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Зебинисо Сангиновна Рустамова, 29 январи соли 1955 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Имрӯз шаҳрванди ду давлати мустақил Тоҷикистон ва Русия мебошад.
Зебинисо дар варзиш
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз бародари худ Ҳомидҷон ва тағояш Абдуқодир Зебуниссо фаҳмид, ки дар майдони «Динамо» шуъбаи нави варзиши — тирпарони аз камон ифтитоҳ ёфтааст. Духтар қарор дод, ки қувваи худро санҷад, зеро тамошои он дар майдони футбол, ки дар он беҳтарин аз беҳтаринҳои ҷумҳури машқ мекарданд, мафтун сохта буд. Нишонаҳои равшан, ки ба он тирҳои тез мехалиданд, диққати ӯро ҷалб намуданд.
Мусобиқаҳои аввалин дар шаҳри Тула гузашта, ба рӯи Зебинисо дар варзиши калон роҳ кушод. Баҳор дар мусобиқаҳои умумииттифоқии тирпаронони ҷамъияти «Динамо», ки дар Сухуми баргузор гардид, ӯ меъёри Устоди варзиши ИҶШС-ро иҷро кард. Дар мусобиқаи мамлакат, ки дар Кишинёв аз рӯи тирпарони аз камон мегузашт, дар масофаи 50 метр Зебинисо ҷоизаи нуқраро ба даст овард, дар масофаи 70 метр бошад, дар муборизаи шадид медали тилоро соҳиб шуд. Дар Алушта ҳамаи тирҳои ӯ ба маркази доира расиданд. Дар машқи М-2 ӯ 2233 хол гирифт, шумораи холҳо аз меъёри Устоди варзиши дараҷаи байналхалқӣ болотар рафт.
Ширкат дар Бозиҳои XXI олимпӣ дар соли 1976 дар Монреал (Канада) ба ӯ ҷоизаи биринҷиро дод. Ҳоло ӯ таблиғотчии фаъоли на танҳо варзиш, балки ҳаракати олимпӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мегардад.
Фаъолияти корӣ
Солҳои 1986-1992 ҷонишини Раиси Кумитаи давлатии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1992-1995 Раиси Кумитаи давлатии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз соли 1992 то соли 2000 ноиб-президенти Кумитаи олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда кор кардааст.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зебинисо Рустамова: Ба камон ҳама синну сол мутеъ аст — Pressa.TJ Бойгонӣ шудааст 4 Декабри 2011 сол.
- Камонвари тоҷик — мураббии тим дар Эрон — BBC Тоҷикӣ
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Википедия:Статьи с вики-разметкой в изображении карточки
- Зодагони 29 январ
- Зодагони соли 1955
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Душанбе
- Варзишгарон аз рӯи алифбо
- Варзишгарони СССР
- Варзишгарони Тоҷикистон
- Чемпионҳои ҷаҳон
- Чемпионҳои ҷаҳон дар варзиши тирпарони аз камон
- Дорандаи ордени «Нишони Фахрӣ»
- Дорандаи медали «Барои меҳнати шуҷоатнок»
- Камонварони Тоҷикистон