Jump to content

Зиддиконститутсионӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Зиддиконститутсионӣ — мухолифати қонун ё дигар санади меёъри ҳуқуқӣ ё шартномаи байналмилалӣ ё дохилидавлатӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Бо мазмуни айнан ибораҳои «хилофи Конститутсия», «ғайриконститутсионӣ», «номувофиқ будан ба Конститутсия» истифода мешавад. Мувофиқи Конститутсияи ҶТ (моддаи 89) салоҳияти Суди конститутсионии ҶТ муайян намудани мувофиқа ти қонунҳо, с анад ҳ ои ҳуқуқии Маҷлиси Олй, Президент, Ҳукумат, Суди Олй, Суди Олии иқтисодӣ ва дигар мақомоти давлатию ҷамъиятӣ, қарордодҳои ба қувваи қоиуи надаромадаи Тоҷикистон ба Конститутсия мебошад. Барои муайян кардани зидциконститутсионӣ будан ё мувофиқати санади ҳуқуқӣ ё шартнома ба Конститутсия мушаххас бо кадом меъёр баҳо додан зарур аст? Дар асоси Қонуни конститутсионӣ дар бораи Суди контитутсионии ҶТ ва таҷрибаи Суди конститутсионӣ дар вақти муайян кардани мувофиқат доштани санади ҳуқуқии мақомоти давлатӣ ё шартномаи байни онҳо ба Конститутсия чунин ҳолатҳо ба эътибор гирифта мешаванд:

  1. аз рӯи мазмуни меъёр. Агар меъёри санад ё шартнома мухолифи Конститутсия бошад, ин асос барои ба Конститутсия номувофиқ эътироф кардани онҳо мебошад.
  2. аз рӯи шакли санади ҳуқуқӣ ё шартнома. Агар барои хуҷҷат на он шакле истифода шавад, ки аз Конститутсия бармеояд, ин асос барои ба Конститутсия номувофиқ донистани он мебошад, сарфи назар аз он ки мазмуни он баланд аст. Масалан, мувофиқи моддаи 48 Конститутсия ташкил ва фаъолияти Маҷлиси Олиро қонуни конститутсионӣ танзим менамояд, агар тасодуфан ба ҷои он ягон Низомнома пайдо гардад, ки ин масъалаҳоро хуб танзим мекунад, ин ному вофиқӣ ба Конститутсия аз рӯи шакл мебошад.
  3. аз рӯи ба имзорасӣ, бастан, қабул, интишор ва мавриди амал қарор додани санад ё шартнома. Агар баъди
  4. қабули қонун ошкор гардад, ки он бе иштироки аксарияти зарурӣ қабул шудааст; то расман ба имзорасии қонун он дар расонаи расмй интишор гардидааст, ин асоси ба Конститутсия номувофиқ донистани санад мебошад.
  5. аз нуқтаи назари меъёри Конститутсия дар бораи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба қонунгузорй, иҷроия ва судӣ. Ин асос дар самтҳои гуногун ифода меёбад: дар иваз кардани як мақомот бо дигаре ва ба ҷои он қабул кардани санад (масалан, баҳс дар хусуси он ки масъала мавзӯи танзими қонун аст, аммо бо фармони Президент танзим ёфтааст): ба ҷои мақомоти қонунбарор аз тарафи мақомоти маҳаллӣ қабул кардани қароре, ки масъалаҳои сатҳи қонунро танзим менамоянд.
  6. аз нуқтаи назари муайян кардани тақсими салоҳияти мақомоти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллй. Ҳадци салоҳияти онҳо дар Конститутсия ва қонунҳои контитутсионӣ муайян гардидаанд, дар ҳолати ғайриконститутсионӣ ва ғайриқонунӣ тагӣир додани ин ҳад санади дахлдор мухолнфи Конститутсия дониста мешавад.[1]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - соли 170-171