Зира
| Зира | ||||||||||
|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
| Тасвири гиёҳшинохтӣ аз китоби «Köhler’s Medizinal-Pflanzen», 1887 | ||||||||||
| Табақабандии илмӣ | ||||||||||
|
Олам: Салтанат: Шоха: Синф: Тартиб: Оила: Авлод: ???: Зира |
||||||||||
| Номи илмӣ | ||||||||||
| ||||||||||
Зира (лот. Cuminum cyminum) — рустании бисёрсолаи алафии мансуби чатргулон.
Тавсифоти гиёҳшинохтӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Пояи рост, барги пармонанд, гултӯдаи чатршакл ва гули майдаи сафеди дуҷинса, дони дарозрӯяи хушбӯй дорад. Зира дар кишварҳои Баҳри Миёназамин паҳн гаштааст. Дар Тоҷикистон зира дар доманакӯҳҳо, пасткӯҳҳо, дар нишебиҳои кӯҳ 600 то 2500 м меруяд.
Парвариш
[вироиш | вироиши манбаъ]Зира бисёрсола буда, ҳар сол аз лӯндабехаш мерӯяд, инчунин аз тухмаш низ афзойиш меёбад. Дар тамоми Тоҷикистон (ба ғайр аз закзаминҳо ва шӯрзаминҳо) дар кӯҳдоманҳо ва алафзору бешазорҳои кӯҳӣ вомехӯрад. Дони хушбӯйи ин гиёҳ, ки ҳамчунин зира ном дорад, дар баробари яке аз дегафзорҳои (хӯришҳои) асосии пазандагони тоҷик будан, ҳазорҳо сол боз дар байни мардуми мо ҳамчун дармони дардҳои гуногун низ ба кор меравад. Зираро миёнаҳои тобистон баъд аз пухта расидани донаш ва зард шудани пояаш меғундоранд.
Хосиятҳои шифоӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум гарм ва дар саввум хушк аст, вале ба қавли баъзе табибон гармӣ ва хушкиаш дар дараҷаи саввум мебошад.
Зира барои одамони хунукмизоҷ, пирон ва балғаммизоҷон бисёр фоида дорад. Чун инро бо хӯришҳои хушбӯйи таом, масалан, бо шибит ва дорчинӣ, ҳангоми пухтани гӯшти бадҳазм дохил намоянд, онҳоро сабукҳазм, қавӣ мегардонад, дарунро мулоим менамояд, пешобро меронад ва бодҳоро таҳлилдиҳанда мебошад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Linnaeus C. Species Plantarum (лот.): Exhibentes plantas rite cognitas ad genera relatas — 1753. — Ҷ. 1. — С. 254.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ҳомидҷон Зоҳидов. Канзи шифо. — Д.: Ирфон, 1991. — С. 420—422. — 720 с.