Jump to content

Канзи шифо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

«Канзи шифо» — китоби донишманд ва табиби машҳур Ҳомидҷон Зоҳидов. Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадимии тиббии тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳое ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешаванд, қариб ба тамоми бемориҳо даво шуда метавонанд. Китоб барои хонандагони умум пешниҳод мегардад.

Дар навиштани «Канзи шифо» асосан аз китобҳои тибби қадими «Тӯҳфат-ул-муъминин», «Ихтиёроти бадеӣ», «Махзан-ул-адвия», «Қарободини кабир», «Муҳити аъзам», «Илоҷ-ул-ғурабо» истифода бурдем. Низ ҳамчун унсурҳои иловагӣ ва мададрасон аз «Кашф-ул- луғот», «Бурҳони қотеъ», «Баҳр-ул-ҷавоҳир», «Ғиёс-ул- луғот»,"Суроҳ ва қуроҳ", «Фарҳанги форсӣ ба русӣ», «Қомуси арабӣ-русӣ», «Энциклопедический словарь лекарственных и ядовитых растений» ва дигар манбаъҳои тибби қадим ва даврони мо баҳра бардоштем, ки хонандаҳои ин китоб ҳангоми истифода аз равиши матн дармеёбанд, вале як қисмашонро на, бинобар номбар нагаштани унвони онҳо. Аз ҳама душвортарини амалиёт он буд, ки шаш китоби беҳад калонро дар рӯйи миз кушода дошта, аз саҳифаҳои онҳо маъно ва мазмун чидан ба ҳеч ваҷҳ имконпазир нест, зеро ҳамаи онҳо ба саҳни корӣ намеғунҷид. Барои хайрият аз ҳар яки китобҳои мазкур давоҳои алоҳидаро шарҳан ба рӯйи варақ овардему баъд аз ҳар шаши онҳо ҷамъбандӣ намуда, ба услуби тоҷикӣ даровардем. Инак, навиштаҷот дар ҳафтдаҳ соли пурмашаққат ба поён расид. Дар китоб маҳз он давоҳое гирд оварда шуданд, ки дар диёри мо мавҷуданд, мерӯянд, сохта мешаванд, ки мо онҳоро мешиносем, инчунин он дармонҳои хориҷӣ дар бозорҳои мо ёфта мешаванд ва дар айни ҳол ҳамаи онҳо дар китобҳои тибби қадимаи номбурда дарҷ гардидаанд, низ ин ҷо ба қайд расиданд. Ҳангоми шарҳ додани баъзе давоҳо низ як миқдор аз мушоҳидаҳои худро, ки хислатҳои онҳо бо карроти таҷриба собит гашта буданд, ба матн илова намудем. Дар моҳияти ин китоб ҳаминро гуфтан кифоя аст, ки дар ин асар давоҳои мундариҷ гардида ба 98 фоизи иллат ва бемориҳои мавҷуда бо муваффақият шифо мебахшанд.

  • Зоҳидов Ҳ. Канзи шифо. Душанбе: Ирфон, 2013.

«Канзи шифо»(пайванди дастнорас)