Jump to content

Ҳомидҷон Зоҳидов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҳомидҷон Зоҳидов
Таърихи таваллуд 1921
Зодгоҳ деҳаи Чодаки водии Фарғона

Ҳомидҷон Зоҳидов — табиби мардумӣ, муаллифи китобҳои машҳури «Хазинаи тибби қадим» (1990), «Канзи шифо»(1991)

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳомидҷон Зоҳидов дар деҳаи Чодаки водии Фарғона таваллуд шудааст. Факултаи забон ва адабиёти Донишкадаи омӯзгории Самарқандро хатм кардааст. Донандаи хуби забонҳои арабию форсӣ ва дастхатҳои қадима буд. Агарчанде ки маълумоти пизишкӣ надошт, ба истилоҳоти тибби бостонии тоҷик шинос буд. Чунки падару бобояш дар баробари пешаи асосиашон — кишоварзӣ, ҳамчунин пизишкӣ мекарданд ва осори тибби бостонии тоҷикро хуб медонистанд. Авҷи фаъолияти Ҳ. Зоҳидов, ки ӯро ба оммаи мардуми тоҷик ҳамчун донишманди беҳамтои риштаи тиб шиносонд, ба охири солҳои 80-ум ва оғози солҳои 90-уми садаи гузашта рост меояд. Дар ин давра китобҳои машҳури ӯ «Хазинаи тибби қадим» (1990), «Канзи шифо»(1991, тарҷимаи ӯзбекиаш 2004) ба чоп расиданд. Дар рӯзномаҳо якчанд мақолаҳояш, инчунин саволу ҷавобҳояш («Тоҷикистони Советӣ» 27.01.1990, 16.06.1990) бо хонандагон дарҷ гардид. Маҳз дар ҳамон солҳо бисёре аз донишмандони имрӯзаи тибби тоҷик аз сабақҳои Ҳомидҷон Зоҳидов, ки ба таври ғайрирасмӣ ба вижа барои олимони ҷавон ва дигар шахсони боистеъдод анҷом мегирифтанд, баҳра бардоштаанд. Ӯ дар ҳақиқат беҳтарин омӯзгор ва тарғибгари беғарази асосҳои тибби бостонии Ховар, ба вижа тибби анъанавии тоҷик, аз он миён шинохти гиёҳҳои доруӣ ва тарзҳои омодагардонии муолиҷаи маризон бо гиёҳҳо дар китобҳояш — «Хазинаи тибби қадим» (1990), «Канзи шифо» (1991) маълумот овардааст.

  • «Хазинаи тибби қадим». — Душанбе,1990
  • «Канзи шифо». — Душанбе,1991

Пайванди асосӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]