Зирёби Басрӣ
Зирёби Басрӣ | |
|---|---|
| ар. زير آب (زرياب) | |
| Таърихи таваллуд | 789 |
| Зодгоҳ | |
| Таърихи даргузашт | 857[1] |
| Маҳалли даргузашт | |
| Кишвар | |
Абулҳасан Алӣ ибни Нофеъи Зирёб (ар. أبو الحسن علي ابن نافع, маъруф ба Зирёби Басрӣ ва Зарёби Муғаннӣ; 789, Мавсил — 857[1], Қуртуба, Андалусия) — ҳаким, навозанда, хонанда, шоир ва ҳамчунин кимиёдон, зебоишинос, тарроҳ, ахтаршинос, гиёҳшинос ва ҷуғрофиёдони эронитабор, шогирди Исҳоқи Мавсилӣ (767—850), яке аз асосгузорони Академияи мусиқии Бағдод ва Андалусия.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Нозукӣ ва асосҳои шеъру таърихи мусиқиро нахуст аз падараш, ки яке аз донандагони машҳури мусиқии тоисломии мардуми эронӣ буд, омӯхтааст. Дар навохтани созҳои мусиқӣ (барбат) сабк ва маҳорати хосса дошт. З. Б. бо Исҳоқи Мавасилӣ оид ба масъалаҳои эҷоду иҷрои мусиқӣ, такмили суннатҳои устодонаи мусиқӣ баҳсҳои тӯлонӣ намуда, дар натиҷа аз устоди худ ранҷида, ба Андалусия (ш. Кордова, Севил) ҳиҷрат кардааст. З. Б. дар такмили таркиботи тору пардаҳои созҳои мусиқӣ (барбат, уд) шуҳрати хосса пайдо карда буд. Ӯ таърих ва назарияи мусиқиро хеле хуб медонист. Доир ба масъалаҳои назарии мусиқӣ рисолаи «Китобу-т-тараннум»-ро навиштааст. Ағно (мусиқиҳо)-и Зарёби Басриро Аслам ибни Абдулазиз ҳамроҳи Ҳамдуна — духтари Зарёби Басрӣ гирдоварӣ ва таҳти унвони «Китоб фи-л-ағонӣ» китобат кардаанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 varios autores Diccionario biográfico español (исп.) — Real Academia de la Historia, 2011.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зарёби Басрӣ / А. Раҷабов // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
- Titus Burckhardt, "Die Maurische Kultur in Spanien.
- Flight of the Blackbird Бойгонӣ шудааст 12 июни 2008 сол. Robert W. Lebling Jr., Saudi Aramco World July/August 2003.
- Epstein, Joel (2019). The Language of the Heart. KDP. ISBN 978-1070100906.