Jump to content

Зиёни молумулкӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Зиёни молумулкӣзиёни молумулкӣ яке аэ навъҳои эараррасонист. Навъи дигари онро зарар ба неъматҳои ғайримолу мулкӣ (зарар ба ҳаёт ва саломатии шаҳрванд) меноманд. Дар натиҷаи эарари молумулкӣ (амволӣ) миқдори амвол кам ва сифати он паст гашта, арзиши он нуқсон пайдо мекунад, ннчунин намуди мол осеб мебинад ва ё амвол несту нобуд мегардад. Таҳти мафҳуми зарари молумулкӣ дар илми ҳуқуқи гражданӣ эарар ба молу мулки давлат, шаҳрванд, шахси юридикӣ, воҳидҳон марэию маъмуриро мефаҳманд. Зарари молумулкӣ ба маънои зиён низ истифода мешавад. Зарарнок ифодаи пулии зарари молумулкист. Тибқи қонунгузории граждании ҶТ зараре, ки бо амал (беамалӣ)- и ғайриқонунӣ ба шахс ё амволи шаҳрванд, инчунин ба шахси ҳуқуқӣ, давлат расонида шудааст, бояд дар ҳаҷми пурра аэ ҷониби шахсе, ки эарар расонндааст, ҷуброн карда шавад ( қ I м 1079 КГ ҶТ). Инчунин қонун метавонад уҳдадории чуброни зарарро ба зиммаи шахсе гузорад, ки зараррасон намебошад. Кодекси граждании ҶТ оид ба чуброни эарари молумулкӣ ва ӯхдадориҳо вобаста ба расоиидани эарар меъёрҳои ҳуқуқиеро пешбинй кардааст, ки онҳо ҳама ҳолату ваэъиятҳои ба эарари молумулкӣ алоқадорро фаро гирнфтаанд (м.м. 1079, 1080, 1083, 1084, 1085, 1086, 1088, 1089, 1090, 1091, 1092,1093,1094, 1095,1096,1097,1098,1099,1100,1101,1102 ва ғ. КГ ҶТ).[1]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 172