Зиёуддин Юсуф
Таърихи даргузашт: | 1513 |
---|---|
Навъи фаъолият: | шоир, хушнавис, олим |
Зиёуддин Юсуф (форсӣ: ضیاءالدین یوسف[1]; 1477, Ҳирот — 1513, Хуросон) — шайхулислом, шоир, нависанда, хаттот ва донишманди форс-тоҷик, писари Абдурраҳмони Ҷомӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Зиёуддин Юсуф дар назди падар ва шогирдони ӯ Навоӣ, Абдулғафури Лорӣ, Алии Сафӣ, дар мадрасаҳои Ҳирот таҳсил карда, илмҳои мутадовилаи замон — адабиёт, риёзиёт, муаммо ва ғ-ро омӯхт. Соли 1510 баъди аз тарафи сафавиён ғасб шудани Ҳирот ва мазори Ҷомиро, ки суннимазҳаб буд, хароб (вайрон) кардани онҳо Зиёуддин Юсуф Ҳиротро тарк карда, ба рустои Арпи Хуросон кӯч баст. Ҷомӣ бахшҳои пандуахлоқии асарҳояш «Қофия», «Баҳористон», «Фавоиди Зиёия» («Шарҳи Мулло»)-ро барои писараш эҷод карда, рисолаи "Қофия «-и Навоиро низ ба Зиёуддин Юсуф таълим додааст. Хоҷа Ҳасани Нисорӣ Зиёуддин Юсуфро соҳибмартаба ва аз азизони замон ёд карда, салотини замон ва хавоқини киромро ниёзманди ӯ медонад. Сахову карамаш зиёд будааст. Нисорӣ дар тазкирааш бағоят хуштабъ будан ва ба шеър таваҷҷуҳ намудану суханони латиф аз табъи назмаш зоҳир шудани Зиёуддин Юсуфро ситудааст. Мулло Ахии Гӯянда, ки дар хидмати Зиёуддин Юсуф буд, аз хулқи хуш доштан ва касеро ба тақсир рад накардани ӯ тавсиф кардааст. Намунаҳо аз эҷодиёташ тавассути манбаъҳои адабӣ то замони мо расидаанд.
Намунаҳо аз эҷодиёти Зиёуддин Юсуф:
Зи дар ағёру аз девор санги ёр меояд,
Балои дардмандон аз дару девор меояд.
Намедонам касе аз навъи инсон,
Ки бошад аз хатову саҳв озод.
Манам он шоҳбози олами қудс,
Ки дар сайрам хато ҳаргиз наяфтад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ ضیاءالدین یوسف. rasekhoon.net. 25 апрели 2024 санҷида шуд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зиёуддин Юсуф / У. Назир // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
- Зиёуддин Юсуф / У. Назир // А — Калим. — Д. : СИЭМТ, 1988. — (Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик : [дар 2 ҷ.] / сармуҳаррир Ҷ. Азизқулов ; 1988—2004, ҷ. 1). — ISBN 5-89870.
- Назиров У. Нисорӣ ва тазкираи ӯ „Музаккир-ул-аҳбоб“ // Мактаби Советӣ». 1973, № З; Афсаҳзод А. Рӯзгор ва осори Абдурраҳмони Ҷомӣ. Д., 1980;
- Хасанхожа Нисорий. «Музаккири-л-аҳбоб». Тошкент, 1993;