Зокирхоҷа Солиев
Солиев Зокирхоҷа Маҳмудхоҷаевич | |
Таърихи таваллуд | 13 май 1975 (49 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Исфара, деҳаи Чилгази |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | кимиёшиносӣ ва кишоварзӣ |
Ҷойҳои кор | Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар ш. Исфара |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои кишоварзӣ (2009) |
Унвонҳои илмӣ | дотсент (2012) |
Алма-матер | Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров (1992-1997), Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон (2001-2004) |
Бердиев Рузмат Баротович — номзади илмҳои кишоварзӣ (1982), доктори илмҳои кишоварзӣ (2009), дотсент (2012).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Солиев Зокирхоҷа Маҳмудхоҷаевич 13-уми майи соли 1975 дар деҳаи Чилгазии ноҳияи Исфара, дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Соли 1997 факултети фанҳои табии-географии Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Гафуровро бо баҳои хубу аъло ва сипас соли 2004 Донишгоҳи аграрии Тоҷикисторо бо баҳои аъло хатм намудааст. Солҳои 2005-2007 аспиранти рӯзонаи шуъбаи моддаҳои ғизоӣ ва рустании Институти «Хокшиноси»-и Академияи илмҳои кишоваризӣ буд. Ҳамзамон дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон аз фанни химия ба донишҷӯён дарс медод. Соли 2011 ба давлати Ҳиндустон сафар намуда дар он ҷо таи як сол курси такмили ихтисосро гузаштааст. Пас аз баргаштан аз моҳи апрел то август ба ҳайси мудири шуъбаи моддаҳои ғизоии хок ва рустании дар Институти хокшиносии Академияи илмҳои кишоварзӣ фаъолият намуда. Аз августи соли 2012 дар Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара ба ҳайси муовини директор оид ба корҳои илм ва инноватсия кору фаъолияти худро идома дода. Баъдтар дар вазифаҳои мудири кафедра, сардори шуъбаи робитаҳои байналхалқӣ кор карда, айни замон боз сардори шуъбаи илм ва инноватсияро ба уҳда дорад.
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 2009 натиҷаи корҳои илмии худро дар мавзӯи «Самаранокии истифодабарии фосоритҳои кони Исфара дар кишти зироатҳои хоҷагии қишлоқ», дар шаҳри Душанбе рисолаи номзадиро дифоъ намудааст. Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар масоили усулҳои бойгардонӣ ва самаранок истифода намудани фосфоритҳои кони Исфара, бентонитҳо ва глауконитҳо дар кишти зироатҳои хоҷагии қишлоқ, ташхиси бофтагӣ, дар зарфҳои нашвӣ, таҷрибаҳои сунъӣ бо пахта (назоратӣ, заиф- миёна-, зӯр-, аз ҳад зиёд зӯр) шӯрнокӣ, гузаронидани таҷрибаҳои навшии кӯтоҳмуддат дар зарфҳо бо усулӣ Нейбауер-Шнейдерро ба роҳ мондааст. Як патент дар мавзӯи «Усулҳои ташхиси бофтагии дараҷаи шӯрнокии хлоридии хок дар кишти зироати пахта» мебошад.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]Солиев Зокирхоҷа Маҳмудхоҷаевич муаллифи бештар аз 62 асару мақолаҳои илмӣ мебошад.
Китобҳо (Монографияҳо)
[вироиш | вироиши манбаъ]- Land Quality Assessment for Conservation Planning using Remote Sensing and GIZ in Watershed, Pilot Project Report, CSSTEAP, Dehradun, India, March, 2012.
- Раҳнамои довталаб «Муайян намудани формулаҳои моддаҳои химиявӣ ҳангоми ҳалли масъалаҳо»/ Солиев З.М., Усмонова Ш.У., Душанбе, ДАТ, 2010с.
- Дастур барои иҷрои кори (лоиҳаи) дипломӣ, 2015с.
Китобҳои дарсӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Практикуми лабораторӣ аз кимиёӣ физикӣ ва коллоидӣ/ Самиев М.С., Солиев З.М.- Душанбе, Ирфон, 2009с.-83 с.
- Дастури методӣ барои иҷроиши корҳои лаборатирӣ аз фанни «Кимиёи биологӣ» Исфара, ФДТТИ, 2015с.