Jump to content

Зубдатуннисо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Зубдатуннисо
Таърихи таваллуд: 2 сентябр 1651(1651-09-02)[1]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 17 феврал 1707(1707-02-17)[1] (55 сол)
Маҳалли даргузашт:

Зубдатуннисо (форсӣ: زبدة النّسا‎; 2 сентябр 1651[1], Мултон, Роҷи Бритониё17 феврал 1707[1], Деҳлӣ) — шоираи форсигӯи Ҳиндустон.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Духтари Аврангзеб, хоҳари шоираҳо Зебуннисо ва Зинатуннисо. Дар тазкираи «Занони суханвар» бо номи Зубайда ёд шудааст. Аз улуми расмии давр, бахусус улуми адаб, огоҳии комил доштааст. Аз девонаш иттилоъ нест. Намунаҳои ашъораш дар тазкираҳо сабт аст. Абёти зер аз ӯст:

Бода нӯш, гар шавад хуни ошиқон нӯше,
Баъд аз ин каме бо ӯ метавон задан ҷӯше.
Ҳар куҷо ба ман бархӯрд, ман зи умр бархӯрдам,
Рашки моҳи нав тифли пой то сарогӯше.
Ҳар куҷой ахлоқе, лобалойи оине,
Панди носеҳон машнав, ҳарфи кас макун гӯше.
Мисли ӯ надорад ёд ҳеч кас зи маҳрӯён,
Деру зуди хотирҳо зуд кун фаромӯше.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]