Зулайхо Маҳмадшоева
Зулайхо Маҳмадшоева | |
|---|---|
| Таърихи таваллуд | 9 сентябр 1993 (32 сол) |
| Зодгоҳ | ноҳияи Фархор, вилояти Хатлон, Тоҷикистон |
| Кишвар | |
| Пеша(ҳо) | овозхон |
| Сабк | мусиқии поп |
Зулайхо Маҳмадшоева (зод. 9 сентябри 1993, ноҳияи Фархор, вилояти Хатлон, Тоҷикистон) — овозхони мусиқии попи Тоҷикистон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Зулайхо Маҳмадшоева 9 сентябри соли 1993 дар ноҳияи Фархор дар хонаводаи коргар ба дунё омадааст[1]. Зулайхо бо доштани ду додар ва як хоҳар дар хонавода фарзанди калонӣ буд[2] ва дур аз падару модар дар тарбияи модаркалону бобояш ба воя расидааст[3]. Ӯ мактаби № 1 ноҳияи Фархорро хатм кардааст[2]. Дар бахши равобити байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил кардааст[3]. Аз хурдиаш мухлиси Манижаи Давлат буд ва бисёр орзу мекард, ки овозхон шавад[2]. Ӯ дар миёни ҳаводорон чун шогирди Манижаи Давлат шинохта мешавад[4].
Зулайхо бори аввал дар соли 2010 бо суруди «Ватан» дар саҳнаи Театри опера ва балет ҳунарнамоӣ кард. Ӯ нахусталбоми худро бо номи «Механдам» дар соли 2013 пешкаши мухлисон карда[3] барномаи нахустини консертияшро бо иҷрои 20 тарона дар рӯзи ҷавонон дар Душанбе соли 2015 баргузор кардаст[5].
Хонавода
[вироиш | вироиши манбаъ]Зулайхо аз шавҳараш ҷудо шудаву модари ду писар — Муҳаннад ва Юзорсиф аст.
Таронашиносӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Зулайхо сар аз соли 2010 то кунун беш аз 50 суруд ва 3 албом эҷод кардааст.
| Феҳристи сурудҳои албоми «Механдам» (2013) | |||
|---|---|---|---|
| № | Ном | Оҳанг | Матни тарона |
| 01 | Ватан | ||
| 02 | Ватанам | ||
| 03 | Модар | ||
| 04 | Худоҷон | ||
| 05 | Худоё | ||
| 06 | Кабӯтар | ||
| 07 | Механдам | ||
| 08 | Дар сина | ||
| 09 | Ёди рӯят | ||
| 10 | Моҳи рӯшан (бо Файзалӣ Фозилов) | ||
| 11 | Марав | ||
| 12 | Майд-майда | ||
| 13 | Сартарошон | ||
| Феҳристи сурудҳои албоми «Навданиҳол» (2016) | |||
| № | Ном | Оҳанг | Матни тарона |
| 01 | Навданиҳол | ||
| 02 | Бачаи Данғара | ||
| 03 | Бобуна | ||
| 04 | Дил-дил | ||
| 05 | Фалак | ||
| 06 | Ҷӯра | ||
| 07 | Намешиносиям | ||
| 08 | Сад нобудш | ||
| 09 | Ваъдахилоф | ||
| 10 | Зу-Зу | ||
| 11 | Ману ту (бо Сурӯш Холов) | ||
| Феҳристи сурудҳои албоми «Намебахшам» (2020) | |||
| № | Ном | Оҳанг | Матни тарона |
| 01 | Намебахшам | Манижаи Давлат | |
| 02 | Ту, ай моӣ | Шоираи Раҳимҷон | |
| 03 | Фоида надорад | ||
| 04 | Ошиқи дилбохта | ||
| 05 | Ширинаки ма (бо Фаридуни Хуршед) | ||
| 06 | Оча бдан қинай | ||
| 07 | Ҷун-ҷунакам | ||
| 08 | Дарвозибача | ||
| 09 | Тик-тик | ||
| 10 | Ватан | ||
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Зулайхо Махмадшоева. Пешниҳоди албоми нав бо номи "Намебахшам" (2021). YouTube. Zulaykho Mahmadshoeva (2021-01-3).
- ↑ 2.0 2.1 2.2 Зулайхо Махмадшоева(рус.). 24SMI. 16 марти 2021 санҷида шуд.
- ↑ 3.0 3.1 3.2 Зарангези Наврӯзшоҳ. Зулайхо - "Манижаи нав"-и саҳнаи тоҷик?(тоҷ.). Радиои Озодӣ (6 Январ 2014). 16 марти 2021 санҷида шуд.
- ↑ Шогирди Манижаи Давлат "хомӯшӣ"-и аҳди коронавирусро шикаст.(тоҷ.). Радиои Озодӣ (17 ноябри 2020). 16 марти 2021 санҷида шуд.
- ↑ Фарзон Муҳаммадӣ. Консерти нахустини Зулайхо Маҳмадшоева дар Душанбе. Радиои Озодӣ (24 май 2015).