Jump to content

Манижа Давлатова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Манижаи Давлат)
Манижа
Манижа Давлатова
منیژه دولت
Таърихи таваллуд 31 декабр 1982(1982-12-31) (41 сол)
Зодгоҳ Кӯлоб
Солҳои фаъолият 2001 — то ҳол
Кишвар
Пеша(ҳо) овозхон
Сабк мусиқии поп

Манижа́ Давла́това (форсӣ: منیژه دولت‎, тав. 31 декабри 1982[1], Кӯлоб, Тоҷикистон) — овозхони эстрада, яке аз номдортарин овозхонҳои тоҷик аст, ки ба сабки мусиқии поп месарояд.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Манижа Давлатова 31 декабри соли 1982 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи № 8 ш. Кӯлоб дар соли 1999 донишҷӯи факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ шуд ва сипас дар соли 2001 ба факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсилоташро давом дод ва онро соли 2006 хатм кард.

Манижаи хурдсол духтараке буд ғайриоддӣ рафтору гуфтораш ба мисли кӯдакони ҳамсину солаш набуд, ӯ бо лаҳни ширинаш тамоми аҳли хонаводаро дар ҳайрат мегузошт. Аз ҳамин лиҳоз дар дили кучакаш меҳри овозхон шуданро мепарварид. Бо даргузашти рӯзҳо истеъдоди худодод боло гирифту дар дилу дидаи мардум ҷой шуд. Аввалин устодаш дар ҷодаи ҳунар падар буд. Манижа ҳунарнамоияшро дар соли 2001 бо суруди "Дар лаби ҷӯй" оғоз кард. Ӯ овозхон Зикруллоҳ Ҳакимовро нахустин устоди худ дар ҷодаи санъат медонад. Бо амри дил буд ё хости сарнавишт 1 январи соли 2002 суруди аввалини худро дар Телевизиони тоҷик сабт гардонид. Худи ҳамон сол бо ҷаҳду талошҳои пайваста албоми нахустини худ бо номи «Сарнавишти ман» таҳия намуд, ва 21 сентябр дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе консерти аввалинашро барпо гардонид. Барномаи таҳиякардааш дар толор шуруру шарар пайдо кард ва санъаташ дили ҳозиринро тасхир сохт. Ба ин тариқ Манижа бо сабку услуби хоса вориди дунёи ҳунару мусиқии муосири тоҷик гашта се сол паи ҳам ба гирифтани ҷоизаи мусиқави "Суруди сол" муваффақ шуд. Соли 2006 Манижа ба Ҷумҳурии Афғонистон даъват шуд ва дар шаҳрҳои Кобул ва Мазори Шариф консерт барпо намуд. Манижа Давлатова ҳаводорони бисёре дар Тоҷикистону Афғонистону Эрон дорад ва дар баробари Шабнами Сурайё ва Нигина Амонқулова яке аз номдортарин бонувони овозхон дар Тоҷикистон аст. Аммо вай солҳои охир саҳнаро тарк кард ва дигар худ овозхонӣ намекунад ва гоҳ-гоҳе барои дигарон тарона менависад[2]. Манижа пайваста шеъру тарона эҷод намуда онро бо торҳои дили хеш ба оҳанг медарорад. Аксарияти сарояндагон барои оҳанг даровардани таронаҳо ба ӯ муроҷиат менамоянд. Аз ҷумла суруди Зулайхо Маҳмадшоева, Баҳром Ғафурӣ, Ҷонибек Муродов ва Зайнура Пулодоваро оҳангзозӣ намудааст. Бо Сироҷиддин Фозилов, Лайло Фуруҳар ва ғ. бадеҳахонӣ кардааст.

То кунун ду албоми таронаҳояш омода шудаанд:

  • «Сарнавишти ман»;
  • «Дар ёди падар».
  • Сиёҳ чашмак (дуэт бо Сироҷиддин Фозилов)
  • Ман дӯст медорам туро;
  • Дар ёди падар;
  • Маро мешиносӣ (шеъри Гулрухсор Сафиева);
  • Беҳтар аз ҷон;
  • Дигар касе;
  • Ишқу роз;
  • Сарнавишти ман;
  • Дили дардмандам;
  • Мусофир;
  • Гули майдон;
  • Номаи ту;
  • Сузи дилам куҷои;
  • Дилбари ҷон;
  • Савсан гули ман;
  • Ёри рафта;
  • Беҳтар аз ҷон;
  • Озори дил;
  • Бӯса;
  • Бидон;
  • Дарди дил.