Jump to content

Зулкулл ва-л-хамс

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

«Зулкулл ва-л-хамс» (ар. ذوالکل و الخمس‎) — фосилаи лаҳнӣ дар мусиқии классикии форс-тоҷик, ки овозҳои тозаи пардавии як октава ва квинтаро дар бар мегирад.

Меъёри овозиаш аз «до» то «сол». «Зулкулл ва-л-хамс» аз зумраи буъди муттафиқаи кубро (фосилаи калони гармониявӣ) буда, сенташ ба 1902 баробар аст. Мавқеи «Зулкулл ва-л-хамс» дар қаторовози пардавӣ чунин аст:

«Зулкулл ва-л-хамс»-ро дар мусиқии имрӯза бо истилоҳи «дуодетсима» ном мебаранд.