Зулолии Ҳиравӣ
Зоҳир
Имомуддин Зулолии Ҳиравӣ (форсӣ: زلالی هروی[1]; ? — 1525, Ҳирот) — шоири форс-тоҷик. Аз шоирони дарбори султон Ҳусайни Бойқаро.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Зулолии Ҳиравӣ шахси фозилу бомаърифат будааст. Алишери Навоӣ нигоштааст, ки Зулолии Ҳиравӣ монанди падараш дарвешхислат буд. Бархилофи адибони рӯзгори худ дар шеъраш аз ҳеч соҳибқудрате тақозои пул ё хидмате намекард. Дар шеър бештар қасидаю ғазал гуфтааст. Қасидаи «Боли мурассаъ»-и Абулмафохири Розиро татаббуъ намудаст, ки тазкиранависон онро ситудаанд.
Аз Зулолии Ҳиравӣ дар тазкираҳо абёти парокандае ба ёдгор мондааст. Намунае аз ашъори ӯ:
Бикри фикрам н-ояд аз бекоғазӣ берун ба рӯз,
Ҳамчу абкори Банотуннаъш аз бечодарӣ.
Шеър фазлу шоир омад фозил, аммо чун тамаъ
Лозими шеър аст, безорам зи шеъру шоирӣ!
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ زلالی هروی. دایرة المعارف اسلامی.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зулолии Ҳиравӣ / А. Аббос // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.