Зулф
Зулф (аз ар. زُلَف, ҷамъи زُلْفَة — пораи шаб; ё мухаффафи زُلْفيِن — занҷир, ҳалқаи дару дарвоза), турра — дастаи борики мӯи сар, ҳалқаи мӯй, ки онро занон барои ороиш тоб дода ва ё каҷ карда, аз баногӯш сар диҳанд; ҳар як аз ду дастаи мӯй, ки бар ду бари рухсор афтодааст. Бинобар сиёҳии рангаш ҷиҳати ташбеҳ ба шаб ё занҷир чунин номида шудааст. Як навъи бофти мӯйи ба зулф монандро дар водии Хуф «вуруф» низ мегӯянд. Яке аз талаботи озмуни ҷумҳуриявии «Чакомаи гесу», ки дар саросари Тоҷикистон гузаронида мешуд, ороиши зулф ва гесу буд.
Дар назми классикӣ барои тасвири зулф аз таъбиру тавсифҳои гуногуну рангин фаровон истифода шудааст. Зулф бастан — киноя аз намудани маъшуқ худро ба ошиқ ва дили ӯро ба каманди худ овардан; зулф чин сохтан — киноя аз ороиш додани зулф ва чиндор кардан онро ба азми сайд. Зулфи замин киноя аз шаб аст. Анбарафшон, ғолияфом, мушкин, мушкбез, шабранг, пурпечутоб, пурчин, печон, тобдор, парешон, шикан дар шикан, ҷоду, таррор, чалипо, зуннор аз сифатҳо ва ташбеҳоти зулф аст. Зулфи бухорӣ мансуб ба зеборӯёни Бухоро мебошад:
Бар ду баногӯши худ зи шоха ҷудо кард
Як зи дигар ҳалқаҳои зулфи бухорӣ.Фаррухӣ
Ба зулфи чавгон нозиш ҳамекунӣ ту бад-ӯй,
Ки товусест чандин ришта бар по.Рӯдакӣ
Саре, ки аз ту бипечад, бурида бод чу зулф!
Диле, ки аз ту бигардад, сиёҳ бод чу хол!Анварӣ
Сари зулфи ту набошад, сари зулфи дигаре,
Аз барои дили мо қаҳт парешонӣ нест.Соиб
Дар тасаввуф зулф киноя аз мартабаи имконӣ аз куллиёту ҷузвиёт, маъқулоту маҳсусот, арвоҳу аҷсом ва ҷавоҳиру аъроз аст. Зулф айният ва ҳувиятро гӯянд, ки касеро бад-он роҳ нест; сифоти ҷалолӣ ва таҷаллиёти ҷамолиро гӯянд, ки муҷиби иститори ваҳдати ҷамоли мутлақ шавад. Зулфро «зулмати куфр ё ишколи шариат, мушкилоти тариқат ва муъзалоти ҳақиқат» («Кашфу-л-луғот»), «аз қуббаи Арш то Таҳтассаро ҳар касрате, ки дар вуҷуд аст ва ҳар ҳиҷобе, ки мақсур гардад» («Кашшофу истилоҳоти-л-фунун») низ гуфтаанд. Зулф гоҳ бар Шайтон итлоқ мешавад ва гоҳе ба маънои қурб меояд. Дарозии зулфи ҷонон ишора ба адами инҳисори мавҷудот ва касроту таайюнот аст. Чунонки зулф пардаи рӯи маҳбуб аст, ҳар таайюне аз таайюнот ҳиҷоб ва ниқоби ваҷҳи воҳиди ҳақиқӣ аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зулф / С. Маҳмадуллоҳ, Р. Раҳмонӣ // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.