Зулфия Тӯйчиева
Зулфия Тӯйчиева (зод. 15 марти 1953, деҳаи Ҷӯйбодом, ноҳияи Ленин) — ҳунарпешаи театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1998), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2010).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Институти давлатии санъати театрии ба номи А. Луначарскийи шаҳри Маскавро соли 1976 ба охир расонда, дар Театри мусиқӣ-мазҳакаи шаҳри Хуҷанд ба кор даромад ва то кунун дар ин боргоҳи ҳунар заҳмат мекашад.Истеъдоди фитрӣ, таҷрибаи ҳаётӣ, ҷустуҷуҳои эҷодӣ имкон доданд, ки аз чаҳорчӯбаи муколамаву муҳити маънавии спектакл берун нарафта, симо ва рӯзгори қаҳрамонони асарро дар маърази тахаюлоташ зинда кунад. Дар зиёда аз сад спектакл нақш бозидааст, «Фаввораи ишқ, фаввораи ашк», «Равшан ва Зулхумор», «Нозанин ва чӯпон», «Исёни арӯсон», «Хушдоман», «Зангирии Фигаро», «Темурмалик», «Сурудҳои Маҳастӣ», «Кабки қафас» аз ҷумлаи онҳоанд[1].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.