Jump to content

Зулфиқори Азиз

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Зулфиқори Азиз
Зулфиқор Азизов
Таърихи таваллуд 1 март 1967(1967-03-01)
Зодгоҳ Душанбе ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт 6 май 2010(2010-05-06) (43 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Пеша(ҳо) овозхон
Гурӯҳ Гурӯҳи «Анис»

Зулфиқори Азиз (Зулфиқор Азизов; 1 марти 1967 — 6 майи 2010, Душанбе) — овозхони саршиноси тоҷик ва яке аз таъсисдиҳандагони гурӯҳи мусиқии «Анис».

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Фаъолияти эҷодӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Гурӯҳи «Анис» дар соли 1986 таъсис шуд ва панҷ бародар — Достони Азиз роҳбари гурӯҳ ва Қайсиддини Азиз, Вайсиддини Азиз, Абӯбакри Азиз ва Зулфиқори Азиз аъзои ин гурӯҳ буданд. Зулфиқор Азизов, ки бо бародаронаш дар гурӯҳи овозадори «Анис» овозхонӣ мекард, дар солҳои нимаи дуввуми солҳои 80-ум аз машҳуртарин овозхонони мусиқии попи Тоҷикистон буд.

Ӯ бо аввалин сурудҳояш — «Аз ёдат ман бирафтам», «Баҳор асту ба тоқи хонаи ман», «Манижа», «Модар» ва «Ман нагӯям, ки маро аз қафас озод кунед» ба дили мардуми кишвар роҳ ёфт.

Зулфиқор машҳуртарин сарояндаи хонаводаи Азизовҳо буд. Овозхонони ҷавони мусиқии попи имрӯзи Тоҷикистон Остон Азизов ва Шаҳроми Абубакр низ аз хонаводаи Азизовҳо ҳастанд.

Ба гуфтаи наздикони Зулфиқор, дар охирин консерте, ки 1-уми май дар Амфитеатри шаҳри Душанбе баргузор шуд, ӯ охирин суруди худ бо номи «Аҷиб аст зиндагӣ, ёрон, дар ин дунёи пурармон»-ро сароид, ки яке аз беҳтарин сурудҳои ӯ унвон мешавад.[1]

Зулфиқори Азиз 6 майи соли 2010 дар шаҳри Душанбе бар асари сактаи қалбӣ даргузашт.