Jump to content

Зулфиқори Шервонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Зулфиқори Шервонӣ
Таърихи таваллуд: 1190
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1291
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: форсӣ

Сайидқавомуддин Ҳусайн ибни Садруддин Алӣ Шервонӣ (форсӣ: سید قوام الدین حسین بن صدر الدین علی شروانی‎), мутахаллис ба Зулфиқор (форсӣ: ذوالفقار ‎; 1190, Шамохӣ1291, Табрез) — донишманд ва шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар дарбори Хоразмшоҳиён ба рутбаи маликушшуароӣ расидааст. Дар тазкираҳои «Оташкада»-и Озар ва «Тазкирату-ш-шуаро»-и Давлатшоҳи Самарқандӣ аз Зулфиқори Шервонӣ чун шоири машҳур ва тавонои замони худ ёд шудааст. Дар шоирӣ маҳорату қудрати тамом доштааст. Дар қасидаҳояш Юсуфшоҳлар ном ҳукмрони даврашро мадҳ кардааст. Ашъори маснӯъро хуб месуруд. Қасидаи «Мафотеҳу-л-калом фӣ мадоеҳи-л-икром» намунае аз ин навъ ашъори ӯст, ки матлаъаш ин аст:

Чаман шуд аз гули садбарг тоза дилбарвор,
Баҳор ёфт саҳоре зи бод дар гулзор.

Қасидаҳову ғазалиёт, таркиббанду тарҷеъбанд ва рубоиҳои Зулфиқори Шервонӣ дар девони ӯ (беш аз 9 ҳазор байтро дар бар мегирад) фароҳам омадаанд. Дар ашъораш ба мавзӯъҳои ишқу ошиқӣ, панду ҳикмат, васфи гулу баҳор ва ғ. дахл кардааст. Абёти зер намунае аз сурудаҳои ӯст:

Боз чун рухсори хубон гашт тарфи бӯстон,
Боз чун гесуи дилбар шуд ҳаво анбарфишон.
Лолаи наврустаро дар даст бошад Ҷоми Ҷам,
Наргиси озодаро бар сар бувад тоҷи Каён.
Гар кунад андар фазои боғ як дам бол боз,
Лолагун гардад ҳуморо мағз андар устухон.
Гар зи абри дасти родат баҳрро бошад асар
В-ар зи тоби меҳри рӯят кӯҳро бошад нишон,
Гавҳари шабтоб гардад моҳ дар ҷавфи садаф,
Лаъли руммонӣ шавад хуршед дар аъзои кон...