Зулфи ятимак

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Зулфи ятимак
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Plantago lanceolata L., 1753

Зулфи ятимак, зулфак, зуфтурум, морпечон, баргизуф, баргизулф (лот. Plantágo lanceoláta) — гиёҳест бисёрсола, мансуби зуфиҳо.

Тавсифоти гиёҳшинохтӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Пояаш бебарг (5-70 см қад мекашад). Баргаш нештаршакл (3-7 раг дорад), думчабаргаш дароз (якҷо бо барг то 37 см). Гулаш майда, ғӯзааш дарозрӯя. Тухмаш қаҳваранг (вазни 1000 донааш 1 г). Апрел — май гул карда, июн — октябр дон мебандад. Зулфи ятимак қариб дар ҳама ноҳияҳои Тоҷикистон вомехӯрад (дар баландиҳои 600-3400 м аз с. б.). Дар канори ҷӯйбору роҳ, заминҳои партов, нишебии теппаҳо, боғ, полез, юнучқазор ва наздикии чашмасор мерӯяд. Дар таркиби узвҳои нашвии зулфи ятимак флавоноидҳо, карбоҳидратҳо ва кислотаҳои органикӣ мавҷуданд. Тухмаш равған дорад. Бо мақсади табобат баргҳои сабзи онро аз оғози гулшукуфт то пажмурда шуданашон меғундоранд. Тухм тирамоҳ ҷамъоварӣ карда мешавад.

Корбурди пизшкӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Зулфи ятимак барои муолиҷаи бемориҳои гурда, газаки шуш, илтиҳоби асаб (неврит), бронхит, ҷароҳат, захм, сурфа ва ғ. нофеъ аст. Барги он давои хунбанд, ҷӯшобу нақеи решааш давои хунравии узвҳои дарун ва хунпартоӣ мебошад. Шираи барги сабзи зулфи ятимак кори узвҳои ҳозима, ҷигар ва сипурзро беҳтар намуда, хунравии бавосир ва бачадонро бозмедорад; онро хоида ба ҷароҳату думмал низ мебанданд. Ҷӯшобаи тухми кӯфтаи зулфи ятимак барои исҳоли хунин ва дарунравӣ нафъ дорад. Ҷӯшобаи барги сабзаш ба газак ва захми меъда даво мебахшад. Барги дар оби гарм таркардаи онро ба ҷароҳат, сӯхтагӣ, ҳафтпӯст ва думмал мебанданд. Ҷӯшобаи тухму баргаш давои бемории меъдаю рӯдаҳост. Бо ин мақсад баргҳои рустаниро чида нағз мешӯянд. Сипас онҳоро ба оби ҷӯш андохта, баъди 2-3 дақиқа обро мерезанд ва ба зарф оби хунук гирифта, даворо то ғафс шуданаш (2-3 соат) меҷӯшонанд. Баъд онро полонда, ҳар пагоҳӣ дар дили наҳор як чумча меошоманд. Пас аз 10 рӯзи табобат як ҳафта танаффус карда, сипас муолиҷаро боз 10 рӯзи дигар идома медиҳанд. Ҳамин тавр, табобатро боз 2 бори дигар такрор кардан лозим аст. Зулфи ятимакро то «арақ» карданаш рӯи оташ дошта, сипас ба захм банданд, фасодро мекашад.

Дар тибби илмӣ нақеъ ва шираи барги зулфи ятимак барои илоҷи гастрит, бемориҳои шадиди меъдаву рӯда, халаи шадид ва музмин, тухми он чун давои исҳоловар (ҳангоми қабзияти бардавом) истифода мешавад.

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]