Зулхаласа

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Зулхаласа
ар. ذو الخلصة
Мифология устурашиносии араб[d]
Пол мард

Зулхаласа (ар. ذوالخلصة‎) Зулхалса, Зулхалуса, Зулхулуса — номи бут ё бутхонае дар сарзамини Яман, дар маҳалле бо номи Табола, ки бут ё санге бо номи Халаса дар он гузошта шуда буд. Назди қабилаҳои он сарзамин ба «Каъбаи ямонӣ» шинохта мешуд, дар муқобили хонаи Каъба, ки дар байни онҳо бо «Каъбаи шомӣ» машҳур буд. Ба қавле, Зулхаласа дар чаҳорманзилии ҷануби Макка, дар шаҳре бо номи Абло/Аблот — сукунатгоҳи қабилаи Хасъам ва Баҷила ва бахше аз қаламрави Табола воқеъ буд. Ба гуфтаи Ёқути Ҳамавӣ ва Забидӣ, Амр ибни Луҳай, ки нахустин бор бутпарастиро миёни арабҳо роиҷ сохт, Зулхаласаро дар поин (ҷануб)-и Макка барпо кард.

Зулхаласа аз санги сафеди чақмоқ бо тасвири тоҷмонанди рӯи он нақшбаста иборат буд. Баъдҳо нигаҳбонон ва парастандагони он бар гарданаш гарданбандҳо ва тухми шутурмурғ овехтанд, ба рӯи он шир мерехтанд, ҳадяҳое аз ҷаву гандум ва ғ. ба он тақдим мекарданд. Ба Зулхаласа савганд мехӯрданд, назди он паймон мебастанд ва бо се тири қуръапартоии мавҷуд дар он, ки нишони амру наҳй ё умеду интизорӣ буданд, фол медиданд. Гурӯҳе аз қабилаи Боҳила ибни Аъсур бо номи банӣ Умома калиддори Зулхаласа буданд. Қабилаҳои Хасъам, Баҷила, Аздуссарот, Ҳавозин, Давс ва дигар сокинони сарзамини Табола онро парастиш мекарданд.

Гӯянд, Имруулқайс дар даврони ҷоҳилия барои интиқоми хуни падараш қасди ҳамла бар банӣ Асад кард. Вақте гузораш ба Зулхаласа афтод, дар он ҷо се бор қуръа кашид ва дар ҳар се бор тири наҳй берун омад. Тирро шикаста, бар рӯи Зулхаласа зад, ба вай носазо гуфт ва дар борааш ашъоре суруд. Он гоҳ равонаи ҷанг шуд ва бар банӣ Асад зафар ёфт. Пас аз он то замони зуҳури ислом дигар касе назди Зулхаласа қуръа намекашид. Вале аз ривояти Бухорӣ (4357) бармеояд, ки арабҳо ҳамчунон назди Зулхаласа қуръа мекашиданд, то он ки ислом онҳоро аз ин кор наҳй кард.

Соли 632 паёмбар (с) ба Ҷарир ибни Абдуллоҳи Баҷалӣ гуфт: «Оё маро аз Зулхаласа роҳат намесозӣ!?» Ва ӯро бо 150 савора аз банӣ Аҳмас ба он сарзамин равона кард. Ҷарир тайи задухӯрде бо қабилаҳои Хасъам ва Боҳила онҳоро шикаст дод ва Зулхаласаро ба оташ кашиду хароб кард. Он задухӯрд дар манобеи таърихӣ бо ғазваи Зулхаласа ва явм (рӯз)-и Зулхаласа маъруф аст. Баъдҳо дар ҷои Зулхаласа масҷиди Табола ё масҷиди Абло сохта шуд. Аз паёмбар (с) ривоят шуда, ки фармуд: «Қиёмат барпо нашавад, то он ки дунбаҳои занони (қабилаи) Давс ба (гирди) Зулхаласа ба ҷунбиш дароянд» («Саҳеҳи Бухорӣ», 7116). Уламо ин ҳадисро ба маънои бозгашти бутпарастӣ ба он сарзамин пеш аз фаро расидани рӯзи қиёмат донистаанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]