Jump to content

Зумрат Ғайбуллоева

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Зумрат Ғайбуллоева
Зумрат Ҳабибовна Ғайбуллоева
Таърихи таваллуд 1964(1964)
Зодгоҳ Душанбе, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои химия
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Институти политехникии Тоҷикистон
Ҷоизаҳо Аълочии маорифи Тоҷикистон, «Медали тило»-и Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (WIPO) (2021)

Зумрат Ҳабибовна Ғайбуллоева — олим, омӯзгор, номзади илмҳои химия, узви Ассотсиатсияи олимони Аврупо ва Осиё (INTAS), Аълочии маорифи Тоҷикистон дорандаи «Медали тило»-и Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (WIPO) (2021)

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Зумрат Ғайбуллоева соли 1981 мактаби миёнаи №53 шаҳри Душанберо бо баҳои аъло хатм намуда ба факултаи механикию технологии Институти политехникии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ) дохил шудааст. Аз соли 1986 то ҳол дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ кору фаъолият менамояд. Солҳои 2004-2008 ба ҳайси муовини вазири саноат ва энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсати муносибатҳои байналмилалии Вазорати саноат ва энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда, айни ҳол дотсенти кафедраи «Технологияи истеҳсолоти химиявӣ» аст.

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Зумрат Ғайбуллоева соли 1993 соҳиби унвони илмии номзади илмҳои химия гардид. Муаллифи 120 мақолаи илмӣ, 18 ихтироот, 6 петенти ЕвроОсиё, 6 васоити таълимӣ ва 1 монография мебошад. Дастовардҳо: узви Ассотсиатсияи олимони Аврупо ва Осиё (INTAS), Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи «Медали тило» барои ихтироот, ҷоизаи умумиҷаҳонии «Илм ва тандурустӣ» (кори илмии беҳтарин дар самти металлургия ва технологияи химиявӣ).

23 июли соли 2021 аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (WIPO) ба Ғайбуллоева Зумрат Ҳабибовна барои кори илмии беҳтарин ва дар амал татбиқ намудани ихтироот, саҳмгузорӣ дар иҷрои ҳадафи чоруми стратегӣ - саноатикунонии босуръати кишвар медали тило тақдим карда шуд.[1] Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ дар Женева ҷойгир буда, зиёда аз 193 давлати ҷаҳон ба он шомил мебошанд.

  1. Ифтихори мо(тоҷ.). www.facebook.com. www.facebook.com. 24 июли 2021 санҷида шуд.