Jump to content

Зуннор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Зуннор (ар. زنار‎, аз юн. ζωναριον [зоннарион] — камарбанд) — камарбанди рангаш махсус, ки дар қаламрави исломӣ дар гузашта бояд зиммиёни масеҳӣ ва яҳудӣ, оташпарастон, зардуштиён, бутпарастон ва бараҳманиён барои фарқ кардани онҳо аз мусулмонон болои ҷома бар миёни худ мебастанд; нишони аҳли зимма.

Дар масеҳият

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар масеҳият риштаи муттасил ба салибро, ки масеҳиён ба гардани худ меовезанд, зуннор меноманд. Ҳамчунин навори катонӣ ё абрешимие, ки кашишон аз даври гардани худ гузаронида, ду сари онро аз тарафи пеш овезон мекунанд, зуннор номида мешавад.

Дар тасаввуф

[вироиш | вироиши манбаъ]

Зуннор дар тасаввуф ба маънои якрангӣ ва якҷиҳатии солик дар роҳи дин ва пайравии роҳи яқин буда, дар истилоҳи соликон камари хидмат ва тоати маҳбуби ҳақиқӣ бастан аст. Дар ирфон зуннор бо таваҷҷуҳ ба маънои аслиаш ба ду маънои ба ҳам зид ба кор рафтааст: 1) маҷмӯаи қайду бандҳое, ки нафси соликро дар худ асир карда, монеъ аз раҳоӣ ва болоравии ӯ дар сулук мешаванд; 2) чанг задани солик ба ресмони матини тавҳиди Ҳақ ва ягонагии Ӯ дар қувватҳо ва феълу таъсир. Ба ин маъно, зунноре ки бар гардани солик аст, танҳо монеъ аз сайри ӯ нест, балки боиси такомули доимии ӯст. Зуннорро дар маънои аввал бояд гусаст ва дар маънои дуввум тақвият дод ва пос дошт.

Зуннор дар шеър киноя аз зулфи маъшуқ аст. Зуннори соғар киноя аз мавҷи пиёлаи шароб, хаттест, ки аз шароб сартосари пиёла рафта, пур шудани онро маълум мекунад; ҳалқаест, ки аз шароб дар пиёла боқӣ мемонад; мавҷи шароб дар қадаҳ аст. Зуннор аз зери хирқа кушодан киноя аз ифшои роз ва касеро расво кардан аст. Зуннори хунӣ бар миён бастан ё миёнро ба зуннори хунин бастан киноя аз камари қатл бастан аст:

Миёнро ба зуннори хунин бибаст,
Фиканд оташ андар саройи нишаст.

Фирдавсӣ

Зоҳиду роҳиб сӯйи ман тохтанд,
Хирқаву зуннор дарандохтанд.

Низомӣ

Чӣ зуннори мағ дар миёнат, чӣ далқ,
Ки дарпӯшӣ аз баҳри пиндори халқ.

Бӯстон