Jump to content

Зуннуни Арғун

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Зуннуни Арғун
Даргузашт 1507
Дудмон Arghun Dynasty[d]

Зуннун (ар. ذوالنون‎), Зуннуни Арғун (фавт 1507) — амири Кандаҳор, аз хонадони элхониёни муғул, ки дар ибтидо ходими дарбори султон Абусаъид (ҳукмронӣ 1459-61) буд.

Зуннун дар аҳди ҳукумати султон Ҳусайн Бойқаро (1469—1506) ҳокими Ғур ва Систон гардид. Пас аз ишғол кардани Зобулистон Кандаҳорро маркази мулки худ интихоб карда, ҳамроҳ бо писаронаш Шоҳ Шуҷоъбег ва Муҳаммад Муқимбег нуфузи хонадони Арғуниёнро дар Хуросон устувор кард. Зуннун соли 1498 аз заиф шудани ҳокимияти Ҳусайн Бойқаро истифода бурда, бо ёрии сипоҳиёни Ғур, Заминдовар ва Кандаҳор ба вил. Ҳирот ҳуҷум кард. Пас аз вафоти Ҳусайн Бойқаро сарзаминҳои наздикӯҳии вил. Ҳирот низ ба қаламрави Зуннун ҳамроҳ гардиданд. Ҳамзамон ӯ яке аз духтарони худро ба ақди писари Ҳусайни Бойқаро — Бадеъуззамон-мирзо дароварда, дар тасмимгириҳои домодаш нақш дошт. Моҳи майи 1506 Шайбонихон сарлашкари худ — Эйламон-баҳодурро барои ҳуҷум ба Хуросон амр дод. Зуннун дар набарди назди Дашти Зардак сипоҳи Шайбонихонро шикаст дода, қисми зиёди сипоҳиёнро асир гирифт. Шайбонихон моҳи майи 1507 ба Хуросон ҳуҷум карда, сипоҳи муттаҳидаи Бадеъуззамон ва Зуннун-ро шикаст дод (19 майи 1507). Зуннун пас аз шикаст хӯрдани лашкари Хуросон ба қатл расонида шуд.

  • Захириддин Бабур. Бабур-наме. Ташкент, 1958;
  • Камол Х. История вторжения кочевых племен Дашт-и Кипчака в Мавераннахр и Хорасан (XVI в.). Д., 2012.