Зуқофиятайн
Зуқофиятайн (ар. ذوقافیتین ‒ дорои ду қофия) — дар илми бадеъи классикӣ яке аз санъатҳои лафзист. Шеърест, ки дар он ду қофия истифода шудааст. Аксари шоирон ин санъатро барои он истифода бурдаанд, ки шеъри онҳо аз ҷиҳати шакл зебо ва дилкаш шавад. Мас., дар ин ғазали Ҷомӣ, ки дар баҳри музореи ахраби макфуфи маҳзуф (мақсур):
мафъӯлу / фоилоту / мафоӣлу / фоилун
– – v / – v – v / v – – v / – v –
суруда шудааст, аз матлаъ то мақтаи он дар ҳар ду мисраи аввал ва мисраъҳои ҷуфти байтҳои дигари ғазал санъати З. истифода шудааст.
1) Эй бо лаби ту тӯтии ширинзабон забун,
Карди инон зи панҷаи симинбарон бурун:
2) Бо ҳусну илтифоти ту мӯътод гаштаам,
Бар мо макун убур тағофулкунон кунун.
3) Гар бишканӣ ба санги ситам ҳуққаи дилам,
Ҷуз гавҳари ниёз наёбӣ дар он дарун.
4) Лабташна меравам зи паяш, гарчи меравад
Бар рӯям аз ду дидаи пурхун аён уюн.
5) Хоҳӣ, дило, ба пой кунӣ хаймаи мурод,
З-он мӯ талаб танобу аз он қад ситон сутун.
6) Дар мулки ишқ мансаби олию дун басест,
Некон намуда майл ба олӣ, бадон ба дун.
7) Ҷомӣ алам ба олами девонагӣ фарохт,
Чун сохт ишқ рояти фарзонагон нагун.
Мисоли дигар:
Кавокиб, ту барбастӣ афлокро,
Ба мардум ту оростӣ хокро.
Ки чун шоҳи Чин зин бар абраш надод,
Фалак наъли зангӣ бар оташ ниҳод.
Ба ҳар кишваре дидан ороише.
Ба ҳар манзиле кардан осоише.
Низомӣ
фаӯлун / фаӯлун / фаӯлун / фаал
v – – / v – – / v – – / v –
Дар абёти болоӣ, ки дар баҳри мутақориби мусаммани маҳзуф (рукнҳои охири байти дуввум — мақсур) суруда шудааст, калимаҳои «барбасти» ва «афлокро»-и мисраи аввал бо калимаҳои «оростӣ» ва «хокро»-и мисраи дуввум, калимаҳои «абраш» ва «надод»-и мисраи севум бо калимаҳои «оташ» ва «ниҳод»-и мисраи чаҳорум ва калимаҳои «дидан»-у «ороише»-и мисраи панҷум ва калимаҳои «кардан» ва «осоише»-и мисраи шашум ҳамқофия шуда, оҳанги шеърро гуворо ва дилкаш гардонидаанд. Ҳангоми таҳлили абёти:
Ба даври лолаи ҳумро, биё, ҷоно, сӯи саҳро,
Бикаш хуш соғари саҳбо, барафрӯз он рухи зебо.
Шудем охир зи ҳиҷронат дилафсурда, биё ин ҷо,
Узори оташин бинмо, фикан оташ ба ҷони мо.
Макун чандин ту истиғно, мапӯшон рух зи мо, ҷоно,
Ниқоб аз рух фикан боло, масӯз аз ғам дили моро.
мафоӣлун / мафоӣлун / мафоӣлун / мафоӣлун
v – – – / v – – – / v – – – / v – – –
ба кас лозим меояд, ки қариб тамоми нозукиҳои илмҳои қофия, арӯз ва санъатҳои шеъриро азхуд кунад, зеро мақсади шоир аз эҷоди чунин шеър истеъдод ва ҳунар аст. Тамоми абёти ин ғазал дар асоси санъатҳои ташреъ, тафлиқ, З., талаввун иншо гардидааст. Шоир бинои ғазалро бар се қофия тарзе гузоштааст, ки ҳангоми хондан назм ва маънӣ халал намеёбад. Дар ғазали боло калимаҳои «саҳро», «ҷо», «мо», «ҷоно», «моро» қофия буда, вазнаш ҳазаҷи масаммани солим (ҳашт бор мафоӣлун) мебошад. Агар бинои ҳамин шеърро бар қофияҳои «ҷоно», «саҳбо», «бинмо», «боло» гузорему вазни онро ба баҳри ҳазаҷи мусаддаси солим (шаш бор мафоӣлун) табдил диҳем, ғазали зерин ба вуҷуд меояд:
Ба даври лолаи ҳумро, биё, ҷоно,
Сӯи саҳро, бикаш хуш соғари саҳбо.
Шудем охир зи ҳиҷронат дилафсурда,
Биё ин ҷо, узори оташин бинмо.
Макун чандин ту истисғно, мапӯшон рух
Зи мо, ҷоно, ниқоб аз рух фикан боло.
мафоӣлун / мафоӣлун / мафоӣлун
v – – – / v – – – / v – – –
Агар калимаҳоеро, ки аз ғазали аввал боқӣ монданд, якҷоя кунем, байти зерин дар баҳри ҳазаҷи мусаддаси солим (шаш бор мафоӣлун) ҳосил мешавад:
Барафрӯз он рухи зебо, фикан оташ
Ба ҷони мо, масӯз аз ғам дили моро.
мафоӣлун / мафоӣлун / мафоӣлун
v – – – / v – – – / v – – –
Дар ҳолате ки шеъри болоро дар асоси қофияҳои «ҳумро», «саҳро», «ҷо», «ҷоно» ба вазни ҳазаҷи мураббаи солим (чаҳор бор мафоӣлун) табдил диҳем, яъне мисраъҳои тоқ (якуму севуму панҷум)-и онро ду тақсим кунем, ғазали зерин ба вуҷуд меояд:
Ба даври лолаи ҳумро
Биё, ҷоно, сӯи саҳро.
Шудем охир зи ҳиҷронат
Дилафсурда, биё ин ҷо.
Макун чандин ту истиғно,
Мапӯшон рух зи мо, ҷоно.
мафоӣлун / мафоӣлун
v – – – / v – – –
Агар бинои ғазали авваларо, ки дар баҳри ҳазаҷи мусаммани солим гуфта шуда буд, бар қофияҳои «ҳумро», «саҳро», «саҳбо», «зебо», «ҷо», «бинмо», «мо», «истиғно», «ҷоно», «боло», «моро» гузорем, яъне тамоми мисраъҳои шеърро ду тақсими баробар карда, ба шакли мараббаи солим гардонем, ғазали зерин ҳосил мегардад:
Ба даври лолаи ҳумро
Биё, ҷоно, сӯи саҳро.
Бикаш хуш соғари саҳбо.
Барафрӯз он рухи зебо.
Шудем охир зи ҳиҷронат
Дилафсурда, биё ин ҷо.
Узори оташин бинмо,
Фикан оташ ба ҷони мо.
Макун чандин ту истиғно,
Мапӯшон рух зи мо, ҷоно.
Ниқоб аз рух фикан боло,
Масӯз аз ғам дили моро.
мафоӣлун / мафоӣлун
v – – – / v – – –
Дар сурате, ки бинои байти аввали ғазали якумро дар асоси қофияҳои «ҷоно» ва «саҳбо» сохта, калимаҳои боқимондаи байти нахустинро ба аввали байти дуввум, калимаҳои боқимондаи байти дуввумро ба аввали байти севум, калимаҳои боқимондаи байти севумро ба аввали байти панҷум илова намоем, ғазали зерин дар баҳри ҳазаҷи мусаддаси солим (шаш бор мафоӣлун) ба вуҷуд меояд:
Ба даври лолаи ҳумро биё, ҷоно.
Сӯи саҳро, бикаш хуш соғари саҳбо.
Барафрӯз он рухи зебо, шудем охир
Зи ҳиҷронат дилафсурда, биё ин ҷо.
Узори оташин бинмо, фикан оташ
Ба ҷони мо, макун чандин ту истиғно.
Мапӯшон рух зи мо, ҷоно, ниқоб аз рух
Фикан боло, масӯз аз ғам дили моро.
мафоӣлун / мафоӣлун / мафоӣлун
v – – – / v – – – / v – – –
Чунин тарзи қофиясозӣ, ки бештар санъати илтизомро ба хотир меорад, дар ашъори шоирони классикии форс-тоҷик бештар дучор шуда, дар ашъори шоирони имрӯзаи тоҷик бисёр кам мушоҳида мешавад. Шоири тоҷик Гулназар матлаи ғазали худро дар асоси З. эҷод кардаааст, ки дар ниҳояти салосату ҷазолат ба вуқӯъ омада, санъати тарсеъро ба хотир меорад:
Адои қатраи обам, ки дарё мешавад рӯзе,
Фидои зарраи хокам, ки дунё мешавад рӯзе.
мафоӣлун / мафоӣлун / мафоӣлун / мафоӣлун
v – – – / v – – – / v – – – / v – – –
Дар ин байт на танҳо калимаҳои «адои», «қатраи», «хокам», «дарё»-и мисраи аввал бо калимаҳои «фидои», «зарраи», «хокам», «дунё» ҳамқофия шуда, санъати З.-ро ба вуҷуд овардаанд, балки ҳар калимаи мисраи аввал ба ҳар калимаи мисраи дуюм аз ҷиҳати таркиби афоил низ баробаранд. Калимаҳои «адои», «фидои»-и ҳар ду мисраъ бар вазни фаӯлун у — — /, калимаҳои «қатраи» ва «зарраи» бар вазни фоилун / — у — /, калимаҳои «обам» ва «хокам» бар вазни фаълун / — — /, калимаҳои «ки» ва «ки»-и ҳар ду мисраъ бар вазни фа / v /, калимаҳои «дарё» ва «дунё» бар вазни фаълун / — — / ва калимаҳои «рӯзе»-и ҳар ду мисраъ бар вазни фаълун / — — / мувофиқ омадаанд. Агар афоили ҳосилшударо, яъне «фаӯлун», «фоилун», «фаълун», «фа», «фаълун», «фоилун» ва «фаълун»-ро ба афоили мустаъмал баргардонем, он гоҳ:
фаӯлун фоилун фаълун фа фаълун фоилун фаълун
v – – / – v – / – – / v – – / – v – / – –
шакли:
мафоӣлун / мафоӣлун / мафоӣлун / мафоӣлун-ро
v – – – / v – – – / v – – – / v – – –
мегирад, ки номаш баҳри ҳазаҷи мусаммани солим мебошад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зуқофиятайн / У. Тоиров // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.