Jump to content

Зуҳайр ибни Абисалмо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Зуҳайр ибни Абисалмо
ар. زهير بن أبي سلمى
Таърихи таваллуд: 520[1]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 609
Навъи фаъолият: шоир, нависанда
Забони осор: арабӣ
Имзо: имзо

Зуҳайр ибни Абисалмо фарзанди Рабиъа (ар. زهير بن أبي سلمى ربيعة المزني‎; 530, Наҷд — 627, ҳамон ҷо) — шоири давраи ҷоҳилияти араб, аз қабилаи банӣ Ғатфон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Падараш аз аҳли Музайнна (воқеъ дар наздикии ш. Мадина) буд ва ӯ низ шеър менавишт. Зуҳайр дар Наҷд камол ёфта, шеъру адабро аз шайх Башома, илми арӯз ва санъатҳои шеъриро назди сардори шоирони қабилаи Музар — Абс ибни Ҳаҷар омӯхт. Писаронаш Каъб ва Буҷайр низ шоир буданд. Зуҳайр ҳамчун ҳакими шоирони араб шуҳрат ёфта буд ва дар он замон дар шеър гуфтан ончунон машҳур гашт, ки ба вай дар қатори ҳафт тан аз шоирони номдори араб унвони «асҳоби муаллақоти сабъа» («ал-муаллақоту-с-сабъа») доданд. Девони Зуҳайр -ро соли 1870 бори нахуст ховаршиноси олмонӣ Вилям Алвардт нашр кард. Ашъори Зуҳайр асосан аз мадҳу васф ва панду ҳикмат иборат аст. Зуҳайр бо муаллақаи мимияи худ шуҳрат дорад, ки ба хотима ёфтани ҷанги қабилаҳои Абс ва Зубён бахшида шуда, дар он барпокунандагони сулҳ — Ҳорим ибни Синон ва ал-Ҳорис ибни Авфа васф гардидаанд. Ин муаллақа яке аз асарҳои давраи ҷоҳилияи араб ба шумор меравад. Зуҳайр вассофи ақлу хирад ва накукорию маърифат буд.