Jump to content

Ибни Балхӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ибни Балхӣ
Таърихи даргузашт 1117[1][2][3]
Кишвар

Ибни Балхӣ (форсӣ: ابن بلخی‎; дарг. 1117[1][2][3]) — таърихнигор, ҷуғрофиёдон, гардишгар, нависанда ва донишманди форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ному насаби аслиаш маълум нест. Баъзе донишмандон иштибоҳан ӯ ва Абузайд Аҳмад ибни Саҳли Балхиро (850–934) як нафар донистаанд. Нахустин бор Ҳамидуллоҳи Муставфӣ вайро бо ин ном (Ибни Балхӣ) зикр мекунад.

Ибни Балхӣ худ дар «Форснома» менависад балхинажод аст[4], вале дар Форс бузург шудааст. Ӯ аз оилаи ашроф баромада, бобояш дар аҳди ҳукумати Рукнуддавлаи Хумортегин (ҳокими дастнишондаи Баркиёруқи Салҷуқӣ дар Форс) муставфии Форс буд[5].

Ибни Балхӣ дар аҳди ҳукмронии Ғиёсуддин Абушуҷоъ Муҳаммади Салҷуқӣ (1104–1117) ҳамчун муставфии дарбор ба таълифи асари таърихӣ-ҷуғрофиёии «Форснома» маъмур гардид. Баъзе донишмандон китоби ҷуғрофиёии «Китоби ахбор»-ро ба Ибни Балхӣ мансуб донистаанд, ки то ҳол нусхаи хаттии он ёфт нашудааст[5].

  1. 1.0 1.1 Record #11947550 // VIAF(бис.)[Dublin, Ohio]: OCLC, 2003.
  2. 2.0 2.1 https://wikidata-externalid-url.toolforge.org/?p=8034&url_prefix=https://opac.vatlib.it/auth/detail/&id=495/69870 (ингл.)
  3. 3.0 3.1 NUKAT — 2002.
  4. EBN AL-BALḴĪ – Encyclopaedia Iranica. iranicaonline.org. 6 апрели 2021 санҷида шуд.
  5. 5.0 5.1 Ибни Балхӣ / А. Саидов // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.