Jump to content

Ибни Боҷа

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ибни Боҷа
Таърихи таваллуд тақрибан 1095[1]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 1139[2][3]
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ фалсафа[4], Arab philosophy[d][4], ахтаршиносӣ[4], физик[4], пизишкӣ[4], гиёҳшиносӣ[4], шеър[4], мусиқӣ[4] ва сиёсат[4]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Абубакр Муҳаммад ибни Яҳё ибни Соиғи Туҷибии Сарақустӣ, маъруф ба Ибни Боҷа (ар. ابن باجة‎; тақрибан 1095[1], Сарақуста[d], Тоифаи Сарақуста[d][4] ё Сарагоса, Орогун[d][4]1139[2][3], Фос[d], Муробитун[5]) — файласуф, пизишк, шоир ва сиёсатмадори араб, аввалин намояндаи бузурги арастугарии шарқ дар Испониёи исломӣ. Дар фалсафии лотинизабон Ибни Боҷа бо номи Avenpace ё Avempace маъруф аст.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Абӯбакр Муҳаммад ибни Яҳё ибни Соиғи Туҷибии Сарқустӣ дар охири садаи XI дар Сарақуста ба дунё омадааст. Гоҳи таваллуди ӯро ҳарчанд дақиқ намедонанд, вале онро солҳои 478-и ҳиҷрии қамарӣ/1085-и мелодӣ гумон мезананд. Ин санаро аз он ҷо мебароранд, ки Ибни Боҷа соли 502-и ҳиҷрӣ вазир гардида, ки бисёр ҷавон буда, низ дар соли 533-и ҳиҷрӣ/1138-и мелодӣ аз олам рафта, ки ба синни пирӣ нарасидааст.

Ибни Боҷа дар ҳалли масъалаҳои риёзӣ, ҳандасӣ, нуҷум, тиб, шариат, усули фиқҳ, адабиёт ва фалсафаву мантиқ чирадаст буд. Ибни Боҷа солҳои 1109-16 дар давлати Мулукуттавоиф вазир буд. Пас аз ҳуҷуми масеҳиён ба Сарақуста (Сарагоса) ва Андалус (соли 1116) ба Мағриб ҳиҷрат кард. Ибни Боҷа-ро дар ш. Шотаба ҳокими он Абуисҳоқ Иброҳим бо туҳмати бединиву даҳригӣ зиндонӣ кард. Ибни Боҷа баъди раҳоӣ аз зиндон мактаби фалсафие бунёд ниҳода, то охири умр дар ш. Фос ба таълифи рисолаҳои фалсафӣ, пажӯҳиш ва шарҳи осори Арастуву Форобӣ, инчунин тадрису муолиҷаи беморон машғул буд.

Ибни Боҷа асарҳои худро ба забони арабӣ навиштааст. Маъхазҳо номгӯи асарҳои ӯро то 26 адад зикр кардаанд. Баъзе рисолаҳояш ба забони ибрӣ (асри 12), олмонӣ (асри 17), форсӣ ва англисӣ (асри 20) тарҷума шудаанд. Маҷмӯаҳои дар шакли дастхат боқимондаи таълифоти Ибни Боҷа то кунун дар бойгонии китобхонаҳои Бодлиан, Берлин, Эскориял ва Тошканд нигаҳдорӣ мешаванд. Теъдоде аз осори Ибни Боҷа таълиқа ё шарҳ бар китобҳои Форобӣ ва Арасту мебошанд. Асарҳои аз нигоҳи матну мавзӯъ ва ормону андеша мустақил таълифшудаи Ибни Боҷа: «Китобу-н-нафс» ва «Тадбиру-л-мутаваҳҳид».

Ибни Боҷа дар «Китобу-н-нафс» ба баррасии шинохт, тавону истеъдод ва қаламрави донишҳои инсонӣ, шарҳи мафҳум ва моҳияти «нафс» ё «нафси нотиқа» пардохтааст. Ӯ «нафс» (рӯҳ)-и инсонро асосӣ ва таназзулу тасоуд (поинравӣ ва болоравӣ)-и онро лозимаи саодату шақоват (хушбахтӣ ва бадбахтӣ)-и инсоният ва саодати «нафси нотиқа»-ро дар расидани он ба «ақли фаъол» медонад. Ибни Боҷа шинохти ҳақиқиро танҳо аз тариқи мафҳумҳои куллӣ арзёбӣ мекунад. Ӯ қоил бар он аст, ки ҳар мавҷуди моддӣ ғайр аз сурати моддӣ сурати рӯҳонӣ ҳам дорад, ки муҷарраду собит аст ва шинохти ҳақиқӣ ба воситаи он суратҳо ҳосил мешавад. Ин назария монанди назарияи мусул аст.

Ибни Боҷа дар «Тадбиру-л-мутаваҳҳид» инсонеро дар ҷамъият тасвир мекунад, ки ба маърифати комил расида, дар миёни ҷамъ танҳо мондааст ва бояд ки тадбир кунад, то дигаронро аз паси худ ба сӯи маърифат бибарад. Ибни Боҷа дар ин асар бо равиши равоншиносии ҷамъиятӣ робитаи файласуфро бо ҷомеа муайян мекунад. Ӯ инчунин назарияи ормоншаҳр (мадинаи фозила)-ро матраҳ карда, иброз доштааст, ки шаҳрвандони он ҳама соҳибхираданд ва ба ҳамдигар муҳаббат доранд, аз ин рӯ аз табибу қозӣ бениёзанд.

Ибни Туфайл дар китоби «Ҳай ибни Яқзон» ишора кардааст: «Дар миёни эшон (файласуфони то аввали асри 12-и Андалусу Мағриб) марде, ки дорои зеҳни шикофандатар ва нигариши дурусттар ва андешаи росттар аз Абубакр ибни Соиғ бошад, падид наёмад». Ибни Рушд низ таъсирпазирӣ аз Ибни Боҷа-ро дар талхиси «Китоби нафс» ёд карда, гуфтааст: «Ҳар он чӣ дар баҳси ақл баён гашт, раъй ва назари Ибни Боҷа аст». Осори фалсафии Ибни Боҷа ба ташаккули тафаккури фалсафии теъдоде аз мутафаккирон (Ибни Туфайл, Ибни Рушд, Алберти Кабир, Фомаи Аквинӣ) таъсири зиёд расондааст.