Ибни Омир

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ибни Омир
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: қорӣ, қозӣ
Таърихи даргузашт: 736
Кишвар:
Эътиқод: ислом
Самти фаъолият: қироат
Устодон: Абудардо
Вироиши Викидода

Абуимрон Абдуллоҳ ибни Омир ибни Язид ибни Тамим ибни Рабеъаи Яҳсубӣ (ар. ابن عامر الشامي‎; дарг. 736) — яке аз қориёни ҳафтгона, қории Шом ва аз ҷумлаи тобеъин.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Хонадони Ибни Омир аз масеҳиёни араб буд, ки соли 638 аз Яман ба Димишқ кӯчида, дар он ҷо исломро пазируфт. Ибни Омир қироатро аз Муғира ибни Абишиҳоби Махзумӣ — шогирди Усмони Фарро омӯхт, аз ин рӯ баъзеҳо қироати Ибни Омир-ро қироати Усмон қаламдод кардаанд. Ибни Омир аз чанд саҳоба Қуръон ва ҳадисро шунида, баъдҳо нақли ҳадис низ кардааст. Мавридҳои ихтилофии қироати Ибни Омир бо дигар қориён ба он далолат менамояд, ки ба қироати ӯ Мусҳафи Шом таъсири амиқ доштааст. Қироати Ибни Омир то ҳадди зиёде ба қироати Нофеи маданӣ наздик аст. Ӯ соли 680 қозии Шом таъйин шуд. Дар аҳди хилофати Валид ибни Абдулмалик мақомҳои риёсати масҷиди умавӣ ва қозигии Димишқ (соли 712)-ро ба уҳда дошт. Дар нимаи аввали асри 10 қироати Ибни Омир дар саросари Шом, шимоли Байнаннаҳрайн ба унвони қироати муътабар маъруф буд ва дар Миср низ нуфуз дошт. Дар нимаи дуввуми асри 10 қироати Абуамри Басрӣ дар Шом ба ҷои қироати Ибни Омир ривоҷ ва дар саросари Шом мутадовил гардид.

Ба қавли Ибни Надим, Ибни Омир ду асар бо номҳои «Ихтилофу масоҳифи-ш-Шом ва-л-Ҳиҷоз ва-л-Ироқ» ва «Китобун фӣ мақтуъи-л-Қуръон ва мавсулиҳи» дошта, оятшумории шомиён низ ба Ибни Омир мансуб аст. Ибни Омир шогирдони зиёдеро таълими қироат дода, Яҳё ибни Ҳориси Зиморӣ аз ҷумлаи маъруфтарини онҳо буд, ки омили аслии интиқоли қироати устодаш ба оядагон шуд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • داﺌرة المعارف بزرگ اسلامی. جلد ۴. تهران، ۱۳۷۰ ش.؛
  • احمد بن موسی بن العباس التمیمي أبو بکر ابن مجاهد البغدادي. السبعه في القراءات. مصر، ۱۴۰۰ ق