Jump to content

Ибни Ровандӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ибни Ровандӣ
Таърихи таваллуд 827 ё тақрибан 815[1]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 911 ё тақрибан 860[2]
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ фалсафа

Абулҳусайн Аҳмад ибни Яҳё ибни Муҳаммад ибни Исҳоқ, маъруф ба Ибни Ровандӣ (ар. ابن الراوندي‎; 827 ё тақрибан 815[1], Кошон, Устони Исфаҳон911 ё тақрибан 860[2], Бағдод) — муҳаққиқ, мутакаллими муътазила ва файласуфи озодандеши форс-тоҷик, аз аъзои Байтулҳикма.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хонадони Ибни Ровандӣ дар ҳудуди солҳои 825–830 аз Марв ба Бағдод кӯчид. Ибни Ровандӣ дар ҳамин шаҳр ба омӯхтани илму дониш машғул шуд. Дар илми калом моҳир, суханвару соҳибназари наққод, дар баҳсу ҷадал устод буд. Дар ибтидо аз муътазила, баъдтар аз шиа пайравӣ мекард. Ба навиштаи Ибни Надим: «Сират ва мазҳаби ӯ дар оғоз хуб ва худ марде бисёр боҳаё буд. Чун дониши ӯ аз ақлаш бештар шуд, ба куфр гаравид... Бештари гуфтаҳои ӯ куфриёт аст…». Муддате бо аҳли илҳод пайваст, агар ӯро маззамат мекарданд, мегуфт: «Мехоҳам аз мазҳаби эшон бохабар бошам». Чанде баъд марди сиёсӣ шуд ва ба муқобили табақаи ҳокими иртиҷоии замони худ мубориза бурда, зери таъқибу фишор қарор гирифт. Бар асари ин ҳоким хост Ибни Ровандӣ-ро муҷозот кунад. Ӯ аз Бағдод аввал ба Басра, сипас ба Аҳвоз фирор кард ва то охири умр дар ҳамон ҷо мезист.

Ибни Ровандӣ дар масъалаҳои фалсафӣ, каломӣ, ҷадалӣ, наҳвӣ, динӣ, сиёсӣ, мантиқӣ ва ғ. осори зиёде таълиф кардааст. Аз навиштаҳои ӯ фақат порчаҳои алоҳида дар осори дигарон боқӣ мондаанд. Андешаҳои Ибни Ровандӣ доимо мавриди баҳсу мунозираҳои мутафаккирон будааст. Ӯ аз андешаву таълимоти мухталиф пайравӣ карда, ба таълимоти муътазила, шиаи имомӣ ва дигар мазҳабу мактабҳои фалсафӣ таъсир расонидааст. Ибни Ровандӣ ҳамчун шахси озодфикр мекӯшид, ки мактаби фикрии нав ба вуҷуд оварад ва таълимоти баъзе фирқаҳои ифротиро ислоҳ кунад. Барои навиштаҳояш ӯро зиндиқ, кофир ва мулҳид номида, ақидаҳояшро таҳриф ва шахсияташро таҳқир кардаанд. Навиштаҳои зиёде мансуб ба Ибни Ровандӣ буда, ҳатто асарҳои томро аз номи вай иншо кардаанд.

Ибни Ровандӣ аз ҳеч (нестӣ) офаридани ҷисм ва эҳёи ҷисмро пас аз марг инкор мекард, ҷаҳонро қадиму азалӣ ва бе офаридгор медонист. Ба андешаи Ибни Ровандӣ, санг ба худии худ ва табиати хеш ҳаракат мекунад ва дар баъзе ҳолат ором мешавад. Обу оташ ҳаракату оромӣ, муттасилию мунфасилӣ, якрангию гуногурангӣ ба худии худ ва бе дахолати беруна вуҷуд доранд. Ақл аст, ки одамон ба воситаи он неку бадро аз ҳамдигар ҷудо ва ҳақро аз ботил фарқ мекунанд, неъматҳои Худоро мешиносанд. Дар олам адёну ақвом хеле зиёданд ва намояндагони ҳар дину ҷараёни мазҳабӣ оини худро дурусту барҳақ мегуморанд ва гумон доранд, ки дигар динҳову боварҳо ба иштибоҳу гумроҳӣ роҳ медиҳанд. Ҳеч яке аз онҳо ҳақ надорад худро ягона дини ҳақ бихонад, зеро адён ва ақвому қабоил дар масоили офариниш, мабдаъ ва маод, инсон ва ғ. назарҳои моҳиятан мутаноқиз доранд, ки ба ақлу мантиқ созгор нестанд ва ҳеч кадоме аз онҳо ба моҳияти аслии масъала пай набурдаанд. Таноқуз ва тазод худ ба худ беасос будани ин гуна даъвоҳоро собит мекунанд, зеро ҳақиқат бояд яке бошад ва ягон дин аз дигарӣ бартар набошад.

Теъдоди асарҳои Ибни Ровандӣ-ро аз 114 то 124 адад баршумурдаанд. «ал-Асмо ва-л-аҳком», «ал-Ибтидо ва-л-иъода», «Халқу-л-Қуръон», «ал-Бақо ва-л-фано», «ат-Табоеъ», «ал-Луълуа» (дар пайравӣ аз муътазила); «Китобу-л-имома» (фарогири таълимоти мазҳаби шиа); «Фазиҳату-л-муътазила» (бар зидди «Фазилату-л-муътазила»-и Ҷоҳиз); «ал-Қазиб» (дар исботи ҳудуси илми Худованд); «ат-Тоҷ» (дар исботи қадимӣ будани оламу аҷсом); «Наъту-л-ҳикма» ё «Абасу-л-ҳикма», «Китобу-з-зумуррад» (дар ботилсозии паёмбарӣ ва муъҷизот), «Китобу-л-фарид» (дар таъни паёмбари ислом); «Китобу-д-домиғ» (дар радди Қуръон; Ибни Ровандӣ худ ин китобашро баъдтар нақз кардааст); «Китобу-т-тавҳид»; «Китобу-л-марҷон» (дар ихтилофи мазҳабҳо); «Китобу адаби-л-ҷадал»; «ал-Инсон»; «ал-Ҳаҷару-л-асвад»; «ал-Ҳаҷару-л-аҳмар»; «ар-Радду ало ман нафа-л-афъола ва-л-аъроз»; «ар-Радду ало занодиқа»; «Исботу-л-хабари-л-воҳид»; «ар-Радду ала-л-муътазила фӣ-л-ваъид ва-л-манзилати байна-л-манзилатайн»; «ал-Идрок»; «ал-Ахбору ва-р-радду ала ман абтала-т-тавотур» аз ҷумлаи осори ӯст.