Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Ибни Салоҳ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ибни Салоҳ
араб. ар. عُثمان بن عبد الرحمٰن بن عُثمان بن مُوسى الکُردي الشهرزوري الموصلي الشافعي
сурат
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: муҳаддис, фақеҳ, омӯзгор
Таърихи таваллуд: 1181[1][2]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 20 август 1245
Маҳалли даргузашт:
Маҳалли дафн:
Эътиқод: ислом
Самти фаъолият: фиқҳ ва Ҳадис
Устодон: Ибни Асокир ва Ибни Қудома
Осор:
Вироиши Викидода

Абуамру Усмон ибни Абдурраҳмон Салоҳуддини Курдӣ (форсӣ: ابو عمرو عثمان بن عبد الرحمان صلاح الدین الکردی‎; 1181[1][2], Шаҳразӯр[d], Вилояти Сулаймония20 август 1245, Димишқ) — муҳаддис, муфассир, фақеҳ, адиб ва донишманди курди эронитабор/

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Фиқҳро аз падараш, ки яке аз олимони бузурги курд буд, фаро гирифт. Барои таҳсил ба Мавсил, Нишопур, Ҳамадон, Димишқ, Марв, Бағдод, Ҳалаб ва Ҳаррон сафар карда, аз олимон, фақеҳон ва муҳаддисону шайхҳои ин шаҳрҳо ҳадис шунид. Ибни Салоҳ муддате дар мадрасаҳои Носирия (Салоҳия)-и Байтулмуқаддас, Равоҳияи Димишқ, Дорулҳадиси Ашрафия ва Шомияи Суғро ба тадриси фиқҳ, ҳадис ва маорифи исломӣ пардохт. Афроди зиёде аз Ибни Салоҳ фиқҳ ва ҳадис омӯхтаанд, ки Абушомаи Мақдисӣ ва Ибни Халликон аз ҷумлаи машҳуртарини онҳоанд. Ибни Салоҳ илми тафсирро низ хуб медонист. Нисбати фалсафаву мантиқ бадбин буд ва азбаски бар зимомдорони асри худ нуфуз дошт, бо фатвои ӯ фалсафаву мантиқ дар мадрасаҳои Димишқ таълим дода намешуд. Ӯ ҳатто Ғаззолиро, ки ҳаммазҳабаш буд ва омӯхтани мантиқро ба унвони муқаддимаи улум зарурӣ медонист, сарзаниш кардааст.

Асари Ибни Салоҳ «Ақса-л-амал ва-ш-шавқ фӣ улуми ҳадиси-р-расул» ё «Маърифату анвои улуми-л-ҳадис» аз муҳимтарин таълифот дар илми ҳадис маҳсуб мешавад. Он бо унвони «Муқаддима фӣ улуми-л-ҳадис» ба чоп расидааст. Ин китоб дорои шарҳҳои зиёдест, аз ҷумла шарҳҳои Абдурраҳими Ироқӣ (1403), Суютӣ («Тадрибу-р-ровӣ»), Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ («Нухбату-л-фикри фӣ мусталаҳи-л-асар»). Нававӣ онро бо унвони «ат-Тақриб ва-т-тайсир ли маърифати сунани-л-башири-н-назир» талхис (ба шакли фишурда баён) кардааст. «Адабу-л-муфтӣ ва-л-мустафтӣ», «Ҳиляту-л-имоми-ш-Шофеӣ», «Фатово Ибн Салоҳ» осори чопшуда; «ал-Аҳодису фӣ фазли-л-Искандария ва Асқалон», «Шарҳу мушкили-л-Васит» ва «ал-Амолӣ» аз ҷумлаи таълифоти ӯст.

  1. 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. 2.0 2.1 AlKindi (онлайн-каталог Доминиканского института востоковедения)