Jump to content

Ибни Фақеҳ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ибни Фақеҳ
Таърихи таваллуд номаълум
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт номаълум
Кишвар

Ибни Фақеҳ (ар. ابن الفقيه‎), Абубакр Шаҳобуддин Аҳмад ибни Исҳоқ (? — 902, Ҳамадон) — ҷуғрофиёдон, адиб, сайёҳ ва таърихнигори арабинависи форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Ҳамадон ба дунё омадааст. Ибни Фақеҳ якчанд асар навиштааст, ки аз миёни онҳо «Китобу-л-аҷоиб» ва «Китобу-л-булдон» («Китоби кишварҳо») машҳур мебошанд. То ҳол як қисми «Китобу-л-булдон» (5 ҷилд) боқӣ монда, аз 2000 саҳифа иборат аст. Асари Ибни Фақеҳ соли 1022 тавассути Абулҳасан Алӣ ибни Ҷаъфари Шазрӣ ба таври эҷодкорона бо номи «Мухтасару-л-булдон» таҳрир шудааст, ки аз он се нусхаи хаттӣ боқӣ мондааст. Соли 1923 аз ганҷинаи дастхатҳои остони Қудс (ш. Машҳад) дастхатти пурраи қисми дуввуми асари «Китобу-л-булдон» ёфт шуд, ки дар бораи шаҳрҳо ва мардуми Хуросон, Мовароуннаҳр, Озарбойҷон, Аррон ва Арманистон маълумоти муҳимми ҷуғрофиёӣ ва этнографӣ дорад. Маълумоти Ибни Фақеҳ дар бораи ҷуғрофиёи таърихӣ ва мардуми Осиёи Миёна ҷолиби диққат аст, зеро дар асоси сарчашмаҳои хаттӣ ва шоҳидони воқеаҳо – тоҷирон, ҳарбиён ва ҳоҷиён навишта шуда, масофаи байни шаҳрҳо дақиқ сабт шудаанд. Ибни Фақеҳ вазъи иқтисодии Мовароуннаҳр, мавзеъҳои ҷуғрофиёӣ – Самарқанд, Бухоро, Хуҷанд, Урганҷ, Марв, Тирмиз, Устурушана, Кеш, Чағониён, Бадахшон, Хатлон ва ғ-ро нисбатан пурра тавсиф кардааст. Маълумоти Ибни Фақеҳ дар бораи Девори Бухоро, Девори Қиёмат ва дарвозаҳои он, Дарвозаи Оҳанин, маъбади Навбаҳор ва тавсифи этнографии халқиятҳои турку славян нодир мебошанд. «Китобу-л-булдон» дар давраи ҳаёти Ибни Фақеҳ машҳур гардид ва ҷуғрофиёнигорони баъдӣ Муқаддасӣ (асри 10), Аҳмади Тӯсӣ (асри 12), Ёқути Ҳамавӣ (асри 13), Абдуррашид ал-Бокувӣ (асри 15) ва дигарон аз он истифода бурдаанд.