Ибни Хафифи Шерозӣ
Ибни Хафифи Шерозӣ | |
---|---|
араб. ар. أَبُو عبد الله مُحَمَّد بن خَفِيف بن إسفكشاذ الضَّبِّيّ الشيرازي | |
![]() | |
Иттилооти инфиродӣ | |
Касб, шуғл: | муҳаддис, ориф |
Таърихи таваллуд: | 882 |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 982 |
Кишвар: | |
![]() |
Ибни Хафифи Шерозӣ (форсӣ: شیخ ابو عبداله محمد ابن خفیف بن اسکشفاذ شیرازی; 882, Шероз — 982)[1] — шайх, сӯфӣ, ориф ва муҳаддиси форс-тоҷик, бунёнгузори силсилаи хафифия, муаллифи «Шарафу-л-фақр», «ал-Фусул фӣ усул», «ал-Муътақиду-л-сағир ва-л-кабир»[2].
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар назди муҳаддисони маъруфи Шероз Абдуллоҳ ибни Аҳмади Шордонӣ, Абдуллоҳ ибни Ҷаъфари Арзаконӣ ва Иброҳим ибни Рӯзбеҳ ҳадис ва дар назди Абулаббос ибни Сарроҷ фиқҳ омӯхт. Дар оғози ҷавонӣ ба Басра рафта, ба маҷлиси дарси Абулҳасани Ашъарӣ пайваст ва аз ӯ илми калом омӯхт. Дар сафарҳое, ки дар давраҳои баъд ба Ҳиҷоз, Ироқ ва Шом дошт, бо орифони замон Абуалии Рӯдборӣ, Абубакри Катонӣ, Абулҳасани Дурроҷ, Абуяъқуби Наҳрҷӯрӣ, Ибни Ато, Ҷарирӣ, Шиблӣ ва Мансури Ҳаллоҷ (дар зиндон) мулоқот кард; ба ш-ҳои Ҳиҷоз, Ироқ, Шом ва Фаластин сафар карда, якчанд бор ҳаҷ гузорид; дониши амиқи динӣ касб кард ва ба аҳкоми шариат сахт пойбанд буд. Ибни Хафиф аз даврони навҷавонӣ ба самоъ ва гирдоварии ҳадис шавқ дошт ва ба гуфтаи Дайламӣ, ҳар шаб чиҳил ҳадис менавишт ва ҳатто ҳангоми назъи равон аз вай ҳадис шунидаанд. Абубакри Боқилонӣ ва Абунуайми Исфаҳонӣ аз ӯ ҳадис нақл кардаанд. Ибни Хафиф аз фақеҳони мазҳаби шофеӣ ба шумор мерафт. Дар миёнаҳои умр ба Шероз баргашт ва то охири умр дар ин ҷо ба иршоди шогирдон машғул шуд. Дар тасаввуф равише муътадил пеша карда, таълимоти ирфонии ӯ бо зуҳду риёзат ва ҳамзамон бо шариат мутобиқат дошт. Шатҳгӯӣ ва ҳаракатҳои дур аз аҳкоми диниро нодуруст мешумурд. Мансури Ҳаллоҷро олими раббонӣ ва муваҳҳид медонист ва аз каромоти вай сухан мегуфт; баъзе аз суханони шатҳомези мансуб ба ӯро рад мекард. Аз шайхони суфия иқтидо ба шахсони зеринро мепазируфт, ки бар тариқаи саҳв қарор доштанд: Ҳориси Муҳосибӣ, Абулаббос ибни Ато ва Амр ибни Усмон. Ибни Хафиф Боязиди Бастомӣ ва Мансури Ҳаллоҷро дар ин шумор намеовард. Ба қавли Ибни Хафиф, аз Боязиди Бастомӣ ва Мансури Ҳаллоҷ «ҳангоми истиғроқ гоҳ-гоҳе суханоне чанд содир мешуд, аммо вақте ки боз ба худ меомаданд, аз он суханон тавба мекарданд ва истиғфор воҷиб медиданд».
Таълифот
[вироиш | вироиши манбаъ]Тазкиранависон таълифоти зиёди Ибни Хафифро таъкид кардаанд. Дайламӣ аз 30 китоби ӯ (15-то муфассал ва 15-то мухтасар) ном бурдааст, ки фарогири масъалаҳои ирфонӣ ва фиқҳиву каломӣ будаанд. Аз ин осори вай ҷуз як ё ду рисолаи мухтасар чизе дар даст нест.
Тариқатҳои суҳравардия, козаруния ва асҳоби Рӯзбеҳони Бақлӣ нисбати хирқаи худро бо воситаҳое ба Ибни Хафиф расонидаанд. Абуисҳоқи Дайламӣ, Ибни Бокуя, Абунасри Сарроҷ ва Абуабдуллоҳи Мақоризӣ аз муридони Ибни Хафиф будаанд. Ҳуҷвирӣ мегӯяд, ки тариқати хафифия дар замони вай машҳур будааст.
Аз гуфтаҳои ӯст: «Ҳар ишорату рамзе, ки ин тоифаи мутасаввифа гуфтаанду кардаанд, ман онро аз шариат бадар овардаам», «Ҳар орифе, ки маърифати худро ба шариат рост накунад ва ба шариат муқобала кунад, анқариб бемаърифат гардад».
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Cook, Michael Allan (2010). The new Cambridge history of Islam. Cambridge: Cambridge university press. ISBN 978-0-521-51536-8.
- ↑ Cook, Michael Allan (2010). The new Cambridge history of Islam. Cambridge: Cambridge university press. ISBN 978-0-521-51536-8.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ибни Хафиф // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.