Ибни Юнус
ар. ابن يونس | |
Таърихи таваллуд | тақрибан 950 |
Зодгоҳ |
|
Таърихи даргузашт | 1009[1][2] |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | ахтаршиносӣ ва риёзиёт |
![]() |
Абулҳасан Алӣ ибни Абдурраҳмон ибни Аҳмад ибни Юнус Садафии Мисрӣ (ар. أبوالحسن علي بن عبدالرحمن بن أحمد بن يونس الصدفي المصري), машҳур ба Ибни Юнус (ар. ابن يونس; тақрибан 950, тахм. Фустот[d], Хилофати Аббосиён — 1009[1][2], Фустот[d], хилофати Фотимиён[d][1]) — аз машҳуртарин риёзидонон ва ахтаршиносони мусулмони мисрӣ, шогирди Абулвафои Бузҷонӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар расадхонае, ки дар кӯҳи Мукаттами назди Қоҳира сохта шуда буд, мушоҳидаҳои астрономӣ анҷом дода, «Зиҷу-л-Ҳокими-л-кабир»-ро ба амри халифаи 5-уми Фотимиёни Миср ал-Азиз Биллоҳ (965–975) таълиф кардааст, ки бо номи «Зиҷи ибни Юнус» машҳур буда, зиёда аз 200 сол ҷадвалҳои он истифода мешуданд. Асари мазкур аз 81 боб иборат буда, шарҳу тавзеҳоти «аз-Зиҷу-л-Маъмунӣ ли-л-мумтаҳан»-и Яҳё ибни Абимансур (фавт тақр. 830), «аз-Зиҷу-с-Собӣ» ё «ал-Ҷомеъ фӣ ҳисоб ан-нуҷум ва мавози масириҳо ал-мумтаҳан»-и Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Ҷобир ибни Синон ал-Баттонӣ, дигар зиҷҳои олимони давраҳои қаблӣ ва натиҷаҳои таҳқиқоти худашро дар бар гирифтааст. Ибни Юнус қиматҳои майли доиратулбуруҷ ва нуқтаи эътидоли баҳориро, ки аз замони Афлотун бетағйир монда буданд, саҳеҳ кард. Дар асоси таҳлили маълумоти мушоҳидаҳои гирифти Офтобу Моҳтоб ӯ аз соли 977 то 1007 шитоби асрии ҳаракати Моҳро кашф карда, гномон (юн. қадим γνώμων – нишондиҳанда, абзори қадимаи астрономи)-ро такмил дод ва исбот кард, ки он сояи на маркази онро, балки баландии канори болоии қурси Офтобро нишон медиҳад. Ибни Юнус дар соҳаи тригонометрияи ҳамворӣ ва куравӣ таҳқиқот анҷом дода, усулҳои ҳалли секунҷаҳои куравиро бо воситаи ворид кардани кунҷҳои ёридиҳанда нишон дод. Ӯ як қатор айниятҳои тригонометрӣ, аз ҷумла:
cos a ∙cosβ= 1/2 [ cos (a + β) + cos (a– β)]- ро исбот кардааст. Таҳқиқоти Ибни Юнус ба инкишофи тригонометрия таъсири бузург расонд. Соли 1970 Иттиҳодияи байналмилалии астрономҳо ба ифтихори ӯ танӯраи тарафи чапи Моҳро номгузорӣ кард.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 Архив по истории математики Мактьютор — 1994.
- ↑ 2.0 2.1 Gran Enciclopèdia Catalana (кат.) — Grup Enciclopèdia, 1968.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ибни Юнус // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.