Ибни Ямини Фарюмадӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Амир Фахруддини Махмуд машҳур бо Ибни Ямини Фарюмадӣ
Навъи фаъолият:

шоир

Санаи таваллуд:

1286

Мамлакат:
Санаи марг:

1368

Амир Фахруддини Маҳмуд машҳур бо Ибни Ямини Фарюмадӣ шоири форсу тоҷик, дар оилаи шоир Амир Ямуддин, соли 1286 ба дунё омадааст. Падараш шеър менавишт ва онҳо бо ҳамдигар мушоира доштанд. Соли 1322 баъди фавти падар ӯ ба хизмати Хоҷа Алоуддин рӯ овард. Аксар қасидаҳои шоир дар ҳамин давра гуфта шудаанд. Ямини Фарюмади соли 1337 зодгоҳашро тарк карда, ба Гургон рафт ва чанде дар хизмати ҳокими он ҷо Тағотемурхон монд. Соли 1341 ба зодгоҳаш баргашта, ба ҳаракати сарбадорони Хуросон ҳамроҳ шуд ва дар муборизаи сарбадорон бар зидди ҳокимони муғул иштирок карда, дар яке аз ҷангҳои наздики шаҳри Зоваи вилояти Хуф соли 1342 асир афтод. Дар ҳамин ҷанг ӯ девони ашъорашро талаф дод. Ибни Ямини Фарюмади то соли 1347 дар асири хизмати ҳокими Ҳирот Малик Муизуддинро ба ҷо оварда, баъд ба зодгоҳаш баргашт ва то соли 1357 дар дарбори ҳокими Хуросон хизмат кард. Чанд соли охири умр ӯ гӯшанишиниро ихтиёр кард. Ибни Ямини Фарюмади соли 1368 дар Ҳирот вафот кардааст.

Эҷодиёти шоир[вироиш]

Мероси адабии бокимондаи Ибни Ямини Фарюмади аз 5000 байт ( ғазал, қасида, рубои) иборат аст. Дар эҷодиёти шоир китъа мавкеи муҳим дорад. Ибни Ямини Фарюмади дар эҷодиёташ чабру чафои золимон, худписанди, бегами барин хислатҳои ношоистаи баъзе ашхосро танкид намуда, ҷавонмарди, одамдусти, инсофу адолат, хайру саховат, илму маърифат, гамхори халқ будан, сарбаландона зистанро ситоиш мекунад. Дар баъзе шеърхояш гуфтааст, ки ҳангоми талхию ногуворихо бояд навмед нашуд ва ба оянда назари нек дошт:

Хуш баро Ибни Ямин, чун хаст гети даргузар,
Хам расад рӯзе, ки ояд навбати фархундаги.

Ибни Ямини Фарюмади дар ғазалиёташ мухаббати пок, хушиҳои зиндаги, манзараҳои дилфиреби зиндагиро тараннум менамояд. Намунае аз мероси у:

АЗ ҒАЗАЛИЁТ[вироиш]

Соқиё, мавсими ид аст, бидеҳ ҷоми шароб,
Вақти айшу тараб омад, чӣ нишинӣ? Дарёб!
Чун шаҳи ид рух аз хиргаҳи гардун бинамуд,
Хайма зан бар сари ҷоми майи гулгун чу ҳубоб.
Соқиё, дар сарам ин аст, к-аз ин пас бо ман,
Гар битобӣ зи хато рӯю нишинӣ ба савоб,
Нағмаи чанг ниюшем, на овозаи дурд,
Ҷуфти абрӯйи ту бинем, на тоқи меҳроб.
Он ки чу лола аз ин пеш ҷигарсӯхта буд,
Ҳамчу нилуфар аз ин пас сар афганд бар об.
Бо наво менашавад маҷлиси асҳоб чу чанг,
То намолад ба сазо мутриби мо гӯши рубоб.
Ганҷи шодӣ талабӣ, масти хароб авлотар,
З-он ки пайдо нашавад ганҷ ҷуз аз кунҷи хароб.
Ёри соқӣ дил агар боядат, эй Ибни Ямин,
Нест ин ёр дар ин давр ба ҷуз ҷоми шароб.
Гар маро ҷон равад андар ғами ҷонон аз даст,
Васли ҷонон натавон дод ба сад ҷон аз даст.
Меҳри рӯйи чу маҳаш равнақи имони ман аст,
Бидиҳам ҷон, надиҳам равнақи имон аз даст.
Як дили аҳли назар дар ҳама офоқ намонд,
Ки набурдӣ ту паричеҳра ба дастон аз даст.
Чун тавонӣ, ки диҳӣ доди дили шефтагон,
Бидеҳ, эй дуст, мадеҳ фурсати имкон аз даст.
Ҷон бигир аз ману бӯсе бидеҳу бок мадор
Ки диҳад лаъли ту як бӯсаи арзон аз даст.
То бидидам мани савдозада лутфе, ки турост,
Шуд ба як бор дилам дар ҳаваси он аз даст.
Як дами васли туро ман ба ҷаҳоне надиҳам,
Баҳри деве, ки диҳад мулки Сулаймон аз даст.
Даст дар ҳалқаи зулфат задаму ақлам гуфт:
Надиҳад Ибни Ямин кори парешон аз даст.
Ишқбози бор ухи маъшуқ коре бас хуш аст,
Рӯзгори ишқ, алҳақ, рӯзгоре бас хуш аст.
Окибат гуянд бошад ишқбозию ваҳим,
Ҳар чӣ хоҳӣ бош гӯ, ин лаҳза боре бас хуш аст.
Навбаҳори зиндагони рӯзгори ошиқст,
Тоза бодо то абад, к-ин навбаҳоре бас хуш аст.
Гар маломатгар назар бар вай ба чашми ман кунад,
Дорадам маъзур чун бинад, ки ёре бас хуш аст.
Хоҳам афкандан сар андар пойи он зебонигор
Гӯ, ки гирад дасти ман, к-алҳақ, нигоре бас хуш аст.
Наргиси ҷодутро махмур мебинам, валек,
То чи май хурдаст, к-аш дар сар хуморе бас хуш аст.
Гарчи кушт Ибни Яминро интизори васли дуст,
Гар муяссар гардад охор, интизорӣ бас хуш аст.

АЗ РУБОИЁТ[вироиш]

Бо мутрибу май хурсириште гар ҳаст,

Бо оби равон канори киште гар ҳаст
Беҳ з-ин маталаб, дузахи беҳуда макоб,
К-он нест, чуз ин нест биҳиште гар ҳаст.
Оқил сухан арчи пеши махрам гуяд,
Бояд, ки хама нагуяду кам гуяд,
В-андар паси ҳеҷ кас нагуяд бад аз он-к,

«Девор сухан ҳам шунавад, ҳам гӯяд»

Аз роҳати рӯзгор чуз номе нест,
Бе ранҷ, вале ёфтани коме нест.
Субҳе нанамояд аз уфук равшание,
К-андар паи он тирагии шоме нест.
Гар шодии хештан дар он медони,
К-осудадилеро ба гаме биншони,
Дар мотами акли хеш биншин ҳама умр,
Медор мусибат, ки қавӣ нодони!
Чон бояду нону нон набояд бе чон,
Он бояду ину ин чи ояд бе он,
Ё раб, ту ба фазли хеш чонам доди,
Нон низ бидеҳ, ки ҷон набояд бе нон!

АЗ МУҚАТТАОТ[вироиш]

Набувад мехтарӣ ба рӯзу ба шаб
Бодаи хушгувор нушидан,
Ё таоми лазизро хурдан,
Ё либоси латиф пушидан.
Ё бад-он кас, ки зердаст бувад,
Хар замон бесабаб хурушидан.
Ман бигуям, ки мехтарӣ чи бувад,
Гар бихохи зи ман ниюшидан:
Хамагонро зи гам рахонидан,
Дар раоёти халқ кушидан!

Пайвандҳои беруна[вироиш]