Jump to content

Ибни Ҷомеъ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ибни Ҷомеъ
Пеша(ҳо) мусиқидон, овозхон

Исмоил ибни Абдуллоҳ ибни Мутталиб, маъруф ба Ибни Ҷомеъ (ар. ابن جامع‎; 762, Рай, — 812, Андалус) — мусиқидон, хонанда, навозанда ва мусаннифи форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Сознавозӣ ва овозхониро аз падар омӯхта, баъдан барои такмили касб ба марказҳои мадании он давр — Макка, Мадина, Димишқ, Бағдод, Мавасил сафар кардааст. Ибни Ҷомеъ бештар ба сабки қадимӣ пайравӣ намуда, ба матнҳои арабӣ оҳанги форсӣ мебаст. Ӯ бо хонадони ромишгарони эронитабор Залзали Розӣ, Иброҳим ва Исҳоқи Мавсилӣ, Нашити Форсӣ ва дигарон ошноӣ пайдо карда, дониши мусиқӣ ва адабиву назариашро такмил дод.

Дар ҳунари овозхонӣ ба Иброҳими Мавсилӣ ва Исҳоқи Мавсилӣ ихлосу иродати ҳунарӣ дошт ва сабки иҷроии онҳоро бо таҷдид идома медод. Ӯ бо сулолаи ромишгарони эронитабори Бағдод рақобати ҳунарӣ ҳам дошт ва охируламр рӯ ба Андалусия оварда, ба дарбори Абдурраҳмони Доҳилӣ дохил шуд ва то охири умр он ҷо монд. Ибни Ҷомеъ дар мактаби Андалусия (Қуртуба) муштариёни бисёре пайдо карда, сабки анъанавии Хуросониро ба сабки мусиқии ҳамондавраи маҳаллӣ омезиш дод.

Ибни Ҷомеъ дар илми мусиқӣ рисолае бо номи «Китобу-л-мунтахабу-л-ағонӣ» («Мунтахаби сурудҳо») таълиф намудааст, ки роҷеъ ба сурудҳои он давр ва санъати иҷрокунандагӣ маълумоти муҳим медиҳад.