Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Иброҳими Мавсилӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Иброҳими Мавсилӣ
Таърихи таваллуд 742
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 804
Маҳалли даргузашт
Пеша(ҳо) мусиқидон, шоир

Иброҳими Мавсилӣ (Иброҳим ибни Моҳон ибни Баҳман ибни Наск, форсӣ: ابراهیم بن ماهان بن بهمن الموصلی‎; 742, Куфа804, Бағдод) — навозанда, овозхон, шоир ва мусиқидони эронитабори аҳди хилофати араб, асосгузори Фарҳангистони ҳунари Бағдод.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Падараш Маймун пури Моҳон (зардуштӣ) аз аҳли Рай буда, сарварони Хилофат ӯро чун ғанимати маънавӣ ба Куфа овардаанд ва то охири умр он ҷо зиндагӣ кардааст. Иброҳими Мавсилӣ асосҳои шеъру мусиқиро аз падару модараш омӯхтааст. Инчунин дар шаҳри Мавасил аз устодони мусиқӣ — Шаҳдаи Форс, Ҷавонияи Форс, Сулаймони Форс сознавозӣ ва овозхониро аз худ кардааст. Дар барбатнавозӣ беназир буд. Тахаллуси «Мавсилӣ»-ро ба ӯ устодонаш додаан. Иброҳими Мавсилӣ аз Мавасил ба Бағдод омада, дар дарбори Ҳорунуррашид (786—809) сарварии мутрибони хилофатро ба уҳда дошт. Бо кӯшиши ӯ Фарҳангистони ҳунари Бағдод таъсис ёфт (798), ки он монанди Фарҳангистони Гунди Шопури Сосониён (222—651) буд ва ба он бештар мусиқидонони эронитабор (Залзали Розӣ, Муҳризи Форс, Нашити Форс, Соҳиби Хинсир ва дигарон) шомил будан. Иброҳими Мавсилӣ дар ҳунари иҷроӣ бештар ба сабки қадимӣ («ат-тариқату-л-қадима», «ат-тариқату-л-аҷамӣ») такя намуда, дар фаъолияти эҷодиву иҷроии мактаби Бағдод ин равияро ҷорӣ намуд. Гурӯҳе аз ромишгарони Бағдод (Зарёби Басрӣ) хилофи ин сабк буданд, лекин Иброҳими Мавсилӣ ва пайравонаш анъанаҳои мусиқии бостони (сосонӣ)-ро идома додаанд. Дар таҳким ва рушди сабки иҷроии Иброҳими Мавсилӣ бародарзанаш Мансури Залзал (721—791), ки ромишгар ва мусиқидон буд, мусоидат кардааст. Мактаб, сабки эҷодиву иҷроӣ ва таҳқиқотии Иброҳими Мавсилӣ, ки заминаҳои устувор доштанд, сарфи назар аз зиддияти дигар гурӯҳҳои ҳунарӣ дар Бағдод ва берун аз он (дар ҳавзаҳои ҳунарии Мовароуннаҳру Хуросон) дар ҳаёти мадании хилофати Аббосиён (750—1258) эътибори шоиста пайдо кар.

Иброҳими Мавсилӣ чун мусанниф зиёда аз 900 суруду оҳанг эҷод намуда, бо номи «Китобу мухтори-л-ағонӣ» асар нигоштааст. Ӯ дар санъати сарояндагӣ тағйирот ба вуҷуд оварда, ба ҷои дубайтӣ таронаву рубоӣ тасниф ва оҳанги «рамал»-ро эҷод кардааст. Табъи баланди шеъргӯӣ дошт ва матни аксари асарҳояшро худаш эҷод кардааст. Баъдан мактаби Иброҳими Мавасилиро писараш Исҳоқи Мавсилӣ (767—850) бо тозакориҳои эҷодиву иҷроӣ ва таҳқиқотӣ идома дода, дар Бағдод ва берун аз он як равияи устувори ҳунариву таҳқиқи мусиқиро ба вуҷуд овард. Инчунин осори мусиқии Иброҳими Мавасилиро дар «Китобу-л-ағонии Иброҳим ал-Мавсилӣ» гирдовариву таҳқиқ намудааст.

  • Донишномаи Шашмақом / Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Д., 2009. — С. 85. — ISBN 978-99947-49-13-3.