Ибодат

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ибодат (ар. عبادت‎ — парастиши Худо) — арзи сипосу бандагӣ, такрим, таъзим, итоат, хавф ва эҷоб барои Худо ва тақдиси Ӯ ё худоён дар ниҳояти фурӯтанӣ; яке аз фаризаҳои дину шариат.

Ибодат хосси зоти Худоест, ки офариниш, зиндагиву қудрат аз ҷониби Ӯ буда, сазовори таъзиму икром мебошад ва ҳамчун навъе аз шукргузорӣ ва эҳтироми воло ба Ӯ ба ҷо оварда мешавад. Ёду зикри Худо ва ниёзи инсон ба Ӯро ҳикмати ибодат донистаанд.

Анвоъи ибодати Худо[вироиш | вироиши манбаъ]

Ибодати Худо ду навъ аст:

  1. Ибодати ом, ки тасхирӣ ё иҷборӣ мебошад.
  2. Ибодат хос, ки ихтиёрӣ ва огоҳона аст, монанди намоз ва амсоли он.

Ибодат дастҷамъона дар аксари оинҳо ба ҷо оварда мешавад, ҳарчанд дар ҳиндуия ва сикхия ибодати фардӣ дар хилват низ роиҷ бошад. Дар зардуштия намоз яке аз ибодатҳои маздаясно аст, ки барои доштани таваҷҷуҳи ҳамешагӣ ба дастурҳои динӣ ва сипосгузории Худо рӯзе панҷ бор гузорида мешавад ва ин дастурот моҳияти ахлоқӣ доранд. Шарти ибодат он аст, ки ба мақсади қурбат ба Худованд бо ихлоси тамом анҷом шавад, вагарна ботил хоҳад буд; худшиносӣ ва худошиносӣ низ дар ибодати муъмин таъсири муҳим доранд. Мурод аз ибодат нишон додани эҳтиром, ёдоварии имон ва натиҷаҳои он ба муъминон ва таъсир гузоштан ба имони дигарон аст. Бо ҳамин далелҳо муъминон ибодатро зарурӣ меҳисобанд. Дар суннатҳои адёне монанди масеҳият, таъкид бар ҳолати дил, ба унвони лозимаи ибодати ҳақиқӣ аст. Китоби Муқаддаси масеҳиён ибодатро ба унвони «паймон» бо бани Исроил матраҳ кардааст. Дар ҳиндуия шакли аслии ибодат мантра ё зикр аст, ки дар он улуҳият дар қолаби савт таҷассум меёбад; мантра барои тамаркузи зеҳну таҳсили савоб такрор мешавад. Дар оинҳои буддоия, ҷайния, ҳиндуия ибодатро «пуҷа» меноманд. Дар баъзе динҳо, обидон ба ибодатгоҳ гулу ғизо ҳадя меоваранд, шамъу чароғ ва кундур (гиёҳи хушбӯй) меафрӯзанд ва мутуни муқаддас қироат ё тараннум мекунанд. Мусиқӣ ҳам нақши муҳимме дар ибодат дорад. Ибодатро ғолибан гоҳон ё кашише раҳбарӣ мекунад. Бархе аз адён рӯзи хосси ҳар ҳафтаро рӯзи ибодат таъйин мекунанд, монанди якшанбе дар масеҳият ва шаббот (ё сиббат — шанбе) дар яҳудият. Вале Сикҳҳо ибодатҳои аслии худро дар рӯзи таътили ҳар кишваре, ки маҳалли иқоматашон бошад, баргузор мекунанд. Ибодатҳои хоссе низ дар идҳо ва ҷашнҳои мазҳабӣ анҷом дода мешаванд. Ибодат дар фиқҳи исломӣ яке аз аҳкоми шаръӣ гуфта мешавад, ки ғарази муҳим дар он охират аст: ибодат ё барои ҷалби манофеи ухравӣ аст, ба монанди ҳамаи ибодатҳои динӣ, ё барои дафъи зарари ухравӣ, монанди кафоратҳо, ки дар пайи иртикоби амали ҳаром бояд анҷом шавад. Ба ин маънӣ, ибодатҳо дарбаргирандаи кафоратҳо ҳам мешаванд. Ибодат ё воҷиб аст (намози воҷиб) ё мустаҳаб (намоз ё рӯзаи мустаҳаб), ё ҳаром аст (намоз барои ҳоиз), ё макрӯҳ (намоз дар ҷойҳои макрӯҳ чун ҳаммом). Кароҳат дар ибодатҳо ба маънии камии савоб аст. Ибодат дар истилоҳи ахлоқи исломӣ дувоздаҳумин навъ аз анвои дувоздаҳгона буда, инсон бояд бандагии Ҳақ Таъоло ва бузургдошту ситоиши Худованд ва муқаррабони даргоҳи Ӯ (фириштагон, паёмбарону авлиё ва пайравони онҳо) ва гардан ниҳодан ба амру наҳйи соҳиби шариат (паёмбар)-ро малака созад ва парҳезкори (тақво)-ро, ки мукаммали ин маъно аст, пешаи худ кунад.

Дар бораи ибодат оёт ва ҳадисҳо хеле зиёданд: "…Бигӯ: «Ҷуз ин нест, ки ба ман фармуда шудааст, ки Худоро ибодат кунам ва барои ӯ шарик муқаррар накунам…» (Қуръон, 13:36); «Беҳтарин дин (тоату ибодат) дар назди (пайғомбар) он буд, ки онро соҳибаш бардавом адо кунад». (Саҳеҳи Бухорӣ, ҳадиси 43) ва ғ. Дар Қуръон ва ривоёт мавридҳои зеринро ҳамчун натиҷа ва таъсири ибодат номидаанд: омурзиши гуноҳон, оромиш ва сурури инсон, афзоиши ризқу рӯзӣ, тақарруби илоҳӣ ва устуворӣ дар дин. Ҳамчунин хулус, эътидол, сабр, илм, фурӯтанӣ ва таҳоратро аз одобу шартҳои ибодат донистаанд. Ибодат танҳо хосси маносики ибодӣ нест. Дуо, тафаккур ва касби рӯзии ҳалолро низ аз ҷумлаи ибодат меҳисобанд. Дар Қуръон ва ҳадисҳои набавӣ тафохур, такаббур, ҷаҳл, дунёгароӣ ва ҳаромхӯрӣ аз монеаҳо ва ботилкунандагони ибодат дониста шудаанд. Ибодат дар истилоҳи қуръонӣ маъное ом дорад ва бисёре аз кирдорҳои инсонро, агарчи пайравӣ аз шайтон ва ҳавои нафс бошанд, дар бар мегирад, мас., ибодати дигар инсонҳо (9:31), ибодати ҳавои нафс (20:43), ибодати шайтон (19:44), ибодати бутҳо (29:17, 25) ва ибодати Худованд (39:11; 17:23; 11:2).

Мафҳуми ибодат дар фиқҳи исломӣ, бархилофи корбурди омми қуръонии он фақат бар амалҳо ва маносике нисбат дода мешавад, ки ба шарти қасди қурбат анҷом шавад ва онҳоро аҳкоми «таъаббудия» ном мебаранд. Мафҳуми ибодат дар урфи мардум дар зимни баъзе аз мисдоқи он, монанди намоз, рӯза, ҳаҷ, дуо ва тасбеҳ шинохта мешавад, ки аз маънои қуръонӣ ва фиқҳии он маҳдудтар аст.

Ҳамчунин, ибодатро бо далелҳое ба чунин навъҳо тақсим кардаанд: ибодати бардагон, ибодати тоҷирон ва ибодати озодагон; ибодати тоҷирон — замоне, ки Худованд ба хотири рағбат ба биҳишт ва дарёфти подош парастиш карда шавад, ибодати бардагон — аз тарси азоби ухравию дунявӣ бандагии Худо ба ҷо оварда шавад, ибодати озодагон — гурӯҳе, ки Худоро шоистаи парастиш дониста, ба далели шукру сипос аз Худо Ӯро бандагӣ кунанд. Бархе донишмандони дин ибодати озодагонро бартарини ибодатҳо донистаанд.

Наҳй аз ибодати тоҷирона дар ин байти Ҳофизи Шерозӣ низ ишора шудааст:

Ту бандагӣ чу гадоён ба шарти музд макун,
Ки Дӯст худ равиши бандапарварӣ донад.

Ҳофиз

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • ал-Бухорӣ. Саҳеҳи ал-Бухорӣ. Дар 6 ҷилд / Аз арабӣ тарҷумаи М. Умаров, Ф. Бобоев. Ҷ. 1. Д., 2004.
  • دهخدا علی اکبر. لغتنامه. جلد ٧. تهران، ١٣٧٧ ش.؛
  • خورشیدیان اردشیر. پاسخ به پرسشهای دینی زردشتیان. تهران، ١٣٨٧ ش.؛
  • .دانشنامۀ دانشگستر. جلد ١١. تهران، ١٣٨٩ ش.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]