Jump to content

Ибодатхона

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ёдмон
Ибодатхона
 Парвандаҳо дар Викианбор

«Ибодатхона» (форсӣ: عبادت‌خانه‎), Маҷлиси уламо, Анҷумани огоҳӣ — муассисаи илмӣ, маркази мунозираҳои олимону рӯҳониён дар Ҳинд, ки соли 1575 аз ҷониби Ҷалолуддин Акбар дар шаҳри Фатҳпури Сикрӣ бунёд гардид.

Акбар дар вазъи осоиштаи сиёсӣ вақти бисёри худро дар суҳбат бо донишмандону суфиён ва таҳқиқи масъалаҳои фиқҳию каломӣ мегузаронд. Ба қавли Бадоунӣ, Акбар дар бунёди «Ибодатхона» ба ҳокими Бангола — Сулаймонхони Карронӣ (ҳукмронӣ 1566—1572) пайравӣ кард (1575), ки ӯ, маъмулан, баъди адои намози шаб дар масҷиди ҷомеи Малда ҳамроҳ бо донишмандону суфиён то дервақт музокира карда, баъдан ба иҷрои корҳои идорӣ машғул мешуд.

Бинои «Ибодатхона» дар заминаи хонақоҳи Шайх Абдуллоҳ Ниёзӣ бунёд шуда, аз чаҳор ҷониб айвон дошт. Ҷаласаҳои илмӣ дар «Ибодатхона» мунтазам ҳар шаби ҷумъа баргузор мешуданд. Дар ибтидо танҳо донишмандону рӯҳониёни ислом, сайидҳо ва амирону наздикони Акбар ба музокираҳо роҳ меёфтанд. Мақсади Акбар дар аввал он буд, ки дар «Ибодатхона» донишмандони мусулмон оид ба масъалаҳои фиқҳию каломӣ мунозира карда, дар ақидаи исломии худ росиху устувор бошанд, то дар мавриди рӯбарӯшавӣ ба рақибон аз ғояҳои динии худ ҳифз намоянд. Акбар дар маросими ифтитоҳи «Ибодатхона» бо хитоб ба донишмандон гуфт: «Вазифаи шумо, муллоҳои хирадманд, шинохти ҳақиқат, дарёфту кашфи муқаррароти дини Ҳақ аст. Бинобар ин зарур аст, ки таҳти таъсири тарсу даҳшати инсонӣ ҳақиқатро рӯйпӯш ва хилофи каломи Ҳақ чизе баён накунед». Аз рӯзи аввали фаъолияти «Ибодатхона» миёни ширкаткунандагон дар масъалаи одоби нишастухез ихтилоф ба миён омад. Муқаррар гардид, ки минбаъд амирон дар самти шарқӣ, сайидҳо дар ғарб, олимон дар ҷануб ва шайхҳо дар шимоли бино нишинанд ва худи шоҳ бо навбат дар назди ҳар ҷамоа ҳозир шуда, андешаи онҳоро дар мавриди масъалаҳои гуногун бишнавад. Дар аввалин маҳфилҳо баҳси донишмандон, хусусан рӯҳониёни суннӣ ва шиа оид ба масъалаҳои ихтилофӣ (никоҳи мутъа, моликияти боғи Фадак, бартарии халифаҳои рошидин дар илму амал ва ғ.) аз доираи мазҳабу равия берун рафта, дар асли усул халал ворид кард. Соли 1578 шоҳ аз ҳисоби пайравони динҳои мухталиф (ҳиндуия, зардуштия, ҷайния, сикҳия, буддоия, яҳудия, масеҳия) гурӯҳеро бо номи «чиҳилтан» ташкил кард, ки дар мубоҳисаҳои худ бояд ба ақлу мантиқ такя мекарданд. Азбаски дар «Ибодатхона» мунозираи ҳакими ақлгаро бо донишмандони мусулмон, насронӣ ва яҳудӣ дар масъалаи исботи нубуввати паёмбарон ва муъҷизоти онҳо тезутунд шуд, шоҳ ҳакимро барои беруншавӣ аз ҳадди эътидол сарзаниш кард. Ӯ гуфт, ки Ҳақро парастидану муқаррабони Ӯро ситудан амри зарурӣ аст. Бо вуҷуди ин, дар натиҷаи мунозираҳои мазкур андешаҳои динии Акбар то ҷое тағйир ёфта, ӯ ба хулосае омад, ки дар таълимоти ҳамаи динҳо ҳақиқат вуҷуд дорад. Соли 1579 гурӯҳе аз фақеҳон бо имзои санад («маҳзар») Акбарро муҷтаҳид эълон карданд. Ба шоҳ унвони «Зиллуллоҳ» («Сояи Худо») ато гардид, итоати ӯ пайравӣ аз амри илоҳӣ, воҷиби шаръӣ ва фарзи айн дониста шуд. Ин санад дар асл роҳи Акбарро барои эҷоди «Дини илоҳӣ» ҳамвор кард. Ба қавли муҳаққиқон, Акбаршоҳ дар эҷоди дини мазкур ба ҳеч ваҷҳ иддиои худоӣ ва паёмбарӣ накард, балки зербинои асосии «Дини илоҳӣ»-ро шариати ислом ва эҳтиром ба арзишҳои динҳои дигар ташкил медод; бар асоси он ҳеч кас ҳақ надошт, ки пайрави мазҳаби дигарро барои эътиқодаш таҳқир кунад; тақво, хирадмандӣ, парҳезкорӣ, меҳрубонӣ ба мамдуҳ арзишҳои асосии он буданд. Дар «Дини илоҳӣ» рӯҳи инсон бояд роҳи тазкия (покшавӣ)-ро бо ёрии Худованд мепаймуд, ки ин ба таълимоти тасаввуф наздиктар буд. Савгандёдкунии муридон (илоҳиён) дар назди шоҳ асоси таълимоти «Дини илоҳӣ»-ро ташкил медод ва мувофиқи муқаррароти мазкур онҳо дар лаҳзаҳои зарурӣ барои ҳифзи фармонраво аз ҷону мол ва ифтихору дини худ даст мекашиданд. Ҳамчунин барои муаррифии арзишҳои ахлоқӣ, динӣ ва фалсафии мардумони гуногуни Ҳинд дар «Мактабхона» тарҷумаи осори санскрит, арабӣ, туркӣ, лотинӣ ва форсӣ ба забонҳои форсӣ ва санскритӣ ба роҳ монда шуд. Акбар дар пасманзари мунозираҳои олимон дар «Ибодатхона» ҷиҳати танзими муносибатҳои иҷтимоӣ чандин тасмим гирифт: манъи издивоҷи хешу табори наздик, духтарони хурдсол (то чордаҳсолагӣ) ва писарони наврас (то шонздаҳсолагӣ); манъи додани таоми умумӣ дар рӯзи фавти инсон ва муқаррар кардани маросими «оши ҳаёт» дар рӯзи таваллуд; дар барномаи мадрасаҳо зиёд кардани таълими фанҳои нуҷум, тиб, риёзиёт ва таърих. Фаъолияти «Ибодатхона» аз солҳои 80 асри 17 маҳдуд шуда, бинои он бо мурури замон хароб гардид.