Ибодулло Абдуллоев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Ибодулло Абдуллоев
Санаи таваллуд

9 декабр 1918(1918-12-09)

Зодгоҳ

ноҳияи Конибодом

Санаи марг

2007(2007)

Маҳалли марг

Душанбе

Касб(ҳо)

дирижёр

Ибодулло Абдулло́ев (Абдуллоев Ибодулло Эрмуродович; 9 декабри 1918, деҳаи Қарақчиқум, ноҳияи Конибодом2007, Душанбе) — дирижёри тоҷик, Артисти халқии РСС Тоҷикистон (1974), Ходими хизматнишондодаи санъати РСС Тоҷикистон (1968).

Зиндагинома[вироиш]

Хатмкардаи интернати мусиқӣ (1930) ва Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Хуҷанд (1933), Омӯзишгоҳи мусиқии назди Консерваторияи давлатии Москва (1939). Ҳамзамон солҳои 1937 – 39 скрипканавози оркестри симфонии Театри Револютсия (ҳозор Театри ба номи В. В. Маяковскийи Москва) буд. Солҳои 1939 – 46 дар хизмати ҳарбӣ. Муддате скрипканавози оркестри симфони Театри давлатии академии опера ва балети тоҷик буд. Солҳои 1947 – 50 дар шӯъбаи миллии назди Консерваторияи давлатии Москва (дар синфи дирижёри оркестри симфонӣ) таҳсил намуд. Соли 1950 ба Тоҷикистон баргашта, дар Театри давлатии академии опера ва балети тоҷик ба номи С. Айнӣ дар вазифаи дирижёрӣ фаъолият кардааст. Аз соли 1970 роҳбари бадеӣ – саррежиссёри ҳамин театр буд.

Мусиқиҳои саҳнавӣ[вироиш]

Таҳти роҳбарии Абдуллоев мусиқии операҳои классикони рус ва ҷаҳон – А. С. Драгомижский («Русалка», 1951), Ҷ. Верди («Травиата», 1951, «Аида», 1964, «Отелло», 1965), Ш. Гуно («Фауст», 1957), А. Бородин («Княз Игор», 1958), П. Чайковский («Моткаи қарамашшоқ», 1966), С. Рахманинов («Алеко», 1968) ва ғайра иҷро шудаанд. Балетҳои «Кӯли қувон», «Франческа ва Рамини», «Шелкунчик», «Нозанини хуфта»-и П. И. Чайковский, «Жизел»-и А. Адан, «Шопениана»-и Ф. Шопен, «Дон Кихот»-и А. Минкус, «Эсмиралда»-и Ҷ. Пуни, «Золушка»-и С. Прокофев, «Офариниши олам»-и А. Петров ва ғайра таҳти роҳбарии мусиқии ӯ саҳнавӣ гардидаанд. Абдуллоев нахустин таҳиягари опера ва балетҳои тоҷикист. Таҳияи мусиқии операҳои «Пӯлод ва Гулрӯ»-и Ш. Сайфиддинов (1956), «Армуғони пурарзиш»-и А. Ленский (1957), «Шӯриши Восеъ»-и С. А. Баласанян (таҳрири дуввум, 1958), «Комде ва Мадан»-и З. Шаҳидӣ (1959), «Шерак»-и С. Ҳамроев (1970), «Сарбозони халқ»-и Д. Дӯсмуҳаммадов (1984), балетҳои «Дилбар»-и А. Ленский (1954), «Лола»-и С. Урбах ва С. Баласанян (1957), «Писари Ватан»-и Ю. Тер-Осипов (1967), «Темурмалик»-и М. Ашрафӣ (1970), «Лайлӣ ва Маҷнун»-и С. Баласанян (1974), «Марги судхӯр»-и Т. Шаҳидӣ (1978) ва ғайра ба қалами Абдуллоев тааллуқ доранд. Абдуллоев иштирокчии даҳаҳою ҳафтаҳо ва рӯзҳои адабиёт ва санъати тоҷик дар Россия (1967), Ӯзбекистон (1968), Литва (1970), Қирғизистон (1976) буд. Аз соли 1950 дар Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе ва аз соли 1968 дар факултети санъати Институти давлатии педагогии Душанбе (ҳозор ДДСТ ба номи М. Турсунзода, аз соли 1981) дарс додааст.

Ордену медалҳо[вироиш]

Бо орденҳои Байрақи Сурхи Меҳнат, «Нишони Фахрӣ» ва медалҳо сарфароз гардидааст.

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Афсаҳзод А., Субҳи муродбахш, дар китоби Зиндагӣ дар саҳна, Д., 1984.

Сарчашма[вироиш]