Jump to content

Ибрат

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ибрат (ар. عبرت‎ – панду андарз гирифтан, санҷидан, намуна, дарси ҳаёт, тафсир кардан) — истилоҳи ахлоқӣ, сабақе, ки одамон аз мушоҳидаи рафтору кирдори дигарон ва таҷрибаи ҳаёти худ мегиранд; қиёс аз чизе барои кардан ё накардани он; интиқол аз як ҳолат ба ҳолати дигар – ҳолате, ки дар асари бархӯрд бо умури зоҳирӣ ва машҳуд (ошкор) барои инсон падид меояд ва ба маърифати ботинӣ ва ғайримашҳуд (нонамоён) интиҳо меёбад.

Аз манобеи ибрат метавон ба падидаҳо ва таҳаввулоти таърихӣ, саргузашти қавмҳову миллатҳо, шигифтиҳои офариниш, ҳаёт ва марги тамаддунҳо, азамат ва шикасти давлатҳо, таҷрибаҳои аввалини худи инсон ва умуман ба дунё ва суннату қонунҳои ҳоким бар он ишора кард. Ботин ва умқе, ки фард ба он фурӯ меравад, бояд бори арзишӣ ва ахлоқӣ дошта бошад. Ҳар гуна интиқол аз зоҳир ба ботин ва аз сатҳ ба умқро наметавон ибрат номид. Интиқол аз зоҳир ба ботин бо як силсила иттилооти хушк ва ё матлабҳои сирф илмӣ низ наметавонад ибрат бошад, балки иттилоот бояд қобилияти таъсиргузорӣ дар рафтори ахлоқӣ ва худсозии фард дошта бошад. Нақши тааммулу тафаккур дар ин интиқол бисёр муҳим аст ва шояд бидуни ин унсур таҳқиқи ин ҳолат имконпазир набошад. Агар инсон дар шунидаҳову дидаҳои худ бияндешад ва сипас падидаҳои мушобеҳро шиносоӣ карда, ба мувозана ва муқоисаи онҳо бо якдигар бипардозад ва дар як таҷзияву таҳлили ақлӣ равобити байни онҳоро кашф кунад, ба натиҷае матлуб даст меёбад ва ин натиҷа ҳамон ҳолатест, ки метавон онро ибрат номид. Дар ҷараёни ибрат инсон таҳти таъсири амрӣ қарор мегирад ва дилаш ба он майл мекунад ва дар натиҷа маърифату шинохти наве дар ӯ ҳосил мешавад ва ба дунболи он рафторе мутаносиб бо он ба вуҷуд меояд. ибрат ба худии худ як равиш нест, балки ҳолатест, ки дар асари бархӯрд бо амре ба инсон даст медиҳад. Ин ҳолат як паёмади тарбиятӣ аст, лекин бо таваҷҷуҳ ба омили эҷодкунандаи ин ҳолат, метавон онро равиш номид. Ду омил ин ҳолатро дар фард ба вуҷуд меоварад: 1. Худи фард бо хондани ҷараёноти таърихӣ ё дидани табиату осори баҷоймонда ба ин ҳолат мерасад, ки дар ин сурат ибрат як равиши худтарбиятӣ мешавад ва метавон онро равиши «ибратгирӣ» ё «ибратпазирӣ» номид, зеро худи фард заминаро барои таъсирпазирӣ фароҳам кардааст. 2. Гоҳе дигарон заминаҳо ва муқаддамоти ба вуҷуд омадани чунон ҳолатеро барои фард фароҳам мекунанд. Мас., мураббии тарбиятӣ бо мақсади ибратомӯзӣ тарбиятомӯзони худро ба дидани мавзеъҳои таърихӣ мебарад ва метавон онро равиши «ибратдиҳӣ» ё «ибратомӯзӣ» ном ниҳод. Дар ин равиш кашфи ин рамзҳо ба уҳдаи худи фарогиранда аст. Таҷрибаҳои андӯхтаи инсон (аз хурдсолӣ то пирсолӣ) низ дар раванди ибрат таъсири бузург доранд ва инсонро зина ба зина такомул медиҳанд. Хондани китобҳои муфиди адабию бадеӣ, ки панду андарзҳо ва таҷрибаҳои ғании гузаштагонро дар бар доранд, хонандаро ба олами ботинии фард ва тахаюлоти рангини арзишманду созанда раҳнамун мекунанд ва тасмимоту нақшаҳои дар амал ҷорӣ кардани он арзишҳои баланди ахлоқиро ирода мекунад. Ин худтарбияткунӣ ва ибрат-гирии ботинӣ хеле арзишмандтар аз дигар анвои ибрат ба шумор меравад, зеро дар раванди он инсон худро оҳиста-оҳиста рӯҳан омода мекунад, бисёр хислатҳои манфии қаҳрамонони асарҳоро дар худ дида, онҳоро огоҳона маҳкум мекунад ва дар пайи ислоҳи худ ва тарки одатҳои накӯҳидаи хеш мепардозад. Касе, ки ибрат омӯзад, огоҳӣ меёбад ва касе, ки огоҳӣ меёбад, дониш омӯхта бошад ва агар ин донишро дар амал татбиқ намояд, «чашми ботин» ва дарки басират дармеёбад. Тафаккур заминасози ибрат аст ва ибрат заминасози басиратро фароҳам меоварад. Инсон замоне ба биниш ва басирати ботинӣ мерасад, ки ба шунидаву дидаҳояш иктифо накунад, балки дар умқи онҳо фурӯ рафта, бияндешад ва бо диққат ҳар як падидаро таҳлилу баррасӣ намояд. Хирадманд низ касеро мегӯянд, ки аз таҷрибаи гузаштагон сабақи бузурги ибрат андӯхта, ба умқи падидаҳо бо дидаи ботинӣ менигарад ва талош меварзад, то ин ки иштибоҳи дигаронро такрор накунад. Зеро таҷрибаандӯзӣ аз саргузашти дигарон – баҳрамандӣ аз ҳосили умри онҳост; гӯё хонанда ва ибрат-гирандаи ҷавон ба дарозои умри ҳамаи онҳо умр дидааст ва таҷрибаву дониш андӯхтааст. ибрат-ҳо инсонро ба сӯи рушду камол ва роҳи дуруст ҳидоят мекунанд ва чароғҳое ҳастанд, ки масири саҳеҳи зиндагиро нишон медиҳанд; инсон мавҷуде ҳисобгар, муқоисакунанда, таъсирпазир ва андешаварз аст ва аз ин вижагӣ барои рушду такомули худ истифода мекунад. Фикр кардан ба инсон биноӣ ва ибрат-пазирӣ меомӯзад ва андеша кардан шарти асосии ибрат-гирӣ мебошад. Дар сояи андешаҳо маҳсусот маъно пайдо мекунад ва ҳолате дар инсон падид меояд, ки дар он аз зоҳирҳо гузар мекунад ва ба маъниҳои баланд ва кашфи ҳақиқатҳо даст меёбад.

Корбурди ибрат дар қаламрави «тарбият» бисёр густурда ва васеъ аст. Ҳамаи адён ва мактабҳои тарбиятӣ пайравони хешро ба ибрат-омӯзӣ аз саргузашти пешиниён ва муқоисаи мавқеияти худ бо онҳо фаро мехонанд. Ислом низ мусулмононро ба сайр дар офоқ ва анфус, ҳамзод бо тафаккур ва андеша дар сарузашти дигарон даъват намудааст. Дар Қуръон вожаи «ибрат» ва «эътибор» ҳафт бор (79:25, 26; 24:44; 3:13; 16:66 ва ғ. ) ба кор рафта, аҳли басиратро бар таваҷҷуҳ ба он ташвиқ намудааст: «... Пас, ибрат гиред, эй соҳибназарон!» (59:2). Дар ҷои дигар Худованд ҳадаф аз баёни достонҳо ва воқеаҳои таърихиро ибратпазирӣ медонад: «Ба дурустӣ, ки дар қиссаи пайғомбарон барои соҳибхирадон панде аст» (12:111).

Ибни Сино ибрат-ро яке аз воситаҳои муҳимми таълиму тарбияи насли наврас шуморидааст. Барои кӯдакону наврасон рафтору кирдори атрофиён, аъзои оила, муаллим, ҳамсинфон, ҳамсояҳо, қаҳрамонҳои китобу филмҳо ва ғ. метавонанд намунаи ибрат шаванд. Дар илми равоншиносӣ ибрат-ро ба ду қисм: манфӣ ва мусбат ҷудо кардаанд. Ҳар кирдор дар сурате ибрат мешавад, ки агар мақбул ва мувофиқи табъу завқи одам бошад. ибрат дар рушди шахс, одобу ахлоқи ӯ таъсир мерасонад. Ҳар як кирдори шахс, хоҳ нек бошад, хоҳ бад, метавонад барои шахси дигар ибрат шавад. Дар ин хусус бузургони адабиёти форс-тоҷик зиёд гуфтаанд:

Баду нек ар намедонӣ зи ҳар боб,
Ту ҳам з-ин нома ибрат гиру дарёб.

Амир Хусрави Деҳлавӣ

То зи кори он палиди нобакор
Ибрате гиранд халқи рӯзгор.

Аттор

Рафтору кирдори симо (образ) ва қаҳрамонҳои асар ё филм низ намунаи ибрат шуда метавонанд. Мас., хонанда ҳангоми мутолиаи романи «Восеъ»-и С. Улуғзода ба хислатҳои ҷасуриву мардонагии Восеъ рағбат пайдо мекунад, ки дар оянда метавонанд ба ӯ ибрат шаванд. Рафтору кирдори зишти қаҳрамонҳои филму асарҳо ба хонанда ё тамошогар таъсири бад мерасонанд. Ҷиҳати хосси ибрат он аст, ки шахси ташаббускор ба дигарон намуна шуда, тарзи тайёри фаъолиятро нишон медиҳад ва баъдан рафтори ӯ миёни одамон паҳн шуда, меъёри кирдори бисёриҳо мегардад. Аз ин рӯ, ибрат воситаи муҳимми ташаккули интизоми ҷамъиятӣ ва тарбияи ахлоқӣ мебошад.

  • Луғати тафсирии истилоҳоти педагогика. Д., 1988;
  • باقری خسرو. نگاهی دوباره به تربیت اسلامی. تهران، ١٣٦٨ ش.؛
  • خوانساری جمال الدین محمد. شرح غررالحکم ودررالحکم. جلد ٣. تهران، ١٣٧٣ ش.؛
  • دهخدا علی اکبر. لغتنامه. جلد ٧. ١٣٧٧ ش.