Иброҳими Гелонӣ
Иброҳими Гелонӣ (форсӣ: ابراهیم گیلانی; ? — 1707, Лоҳиҷон) — донишманд, шоир ва хушнависи форс-тоҷик, писари Шайх Абдуллоҳ Зоҳиди Гелонӣ[1].
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Муқаддамоти улумро дар Лоҳиҷон назди падараш ва «Хулосату-л-ҳисоб»-и Шайх Баҳоиро дар 10-солагӣ назди амакаш фаро гирифтааст. Дар санъати шоирӣ ва хушнависӣ маҳорати комил дошт. Ӯ 7 навъи хатро неку менавишт ва хушнависони Исфаҳон аз намунаҳои хатти ӯ, ки ба он ҷо мерасид, баҳра мебурданд. Аз осори ӯ «Кошифу-л-ғавошӣ» (ҳошия бар китоби «Кашшоф»), «Рисолае дар тавзеҳи китоби Уқлидус», «Рофеъу-л-хилоф» (ҳошия ба китоби «Мухталиф»-и Аллома Ҳиллӣ; як нусхаи он таҳти № 71 дар Китобхонаи умумии маорифи Эрон мавҷуд аст) боқӣ мондаанд. Ба гуфтаи Ҳазини Лоҳиҷӣ, Иброҳими Гелонӣ дар сурудани анвои шеър, мадҳия, марсия, муаммо ва луғз маҳорат дошт. Аммо аз тамоми осораш танҳо ду рубоӣ ва бархе аз абёт ва қитъаҳои парокандаи ӯ дар «Таърих» ва «Тазкира»-и Ҳазин оварда шудаанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ ابراهیم بن عبدالله زاهدی گیلانی - ویکی فقه. fa.wikifeqh.ir. 12 июни 2024 санҷида шуд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Иброҳими Гелонӣ / Н. Шарипов // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.