Иброҳими Карминӣ
Таърихи таваллуд | 1490 |
---|---|
Зодгоҳ | Кармина |
Таърихи даргузашт | 1561 |
Маҳалли даргузашт | Бухоро |
Пеша(ҳо) | навозанда, хонанда |
Амир Иброҳими Карминӣ (номи аслиаш Амир Иброҳим; 1490, Кармина — 1561, Бухоро) — мусиқидон, хонанда, навозанда, оҳангсоз ва суханвари форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Нозукиҳои санъати мусиқиро аз падараш омӯхтааст. Сипас барои такмили маҳорат ва дониши мусиқии худ ба ш-ҳои Марв, Ҳирот, Балх, Самарқанд ва Бухоро сафар карда, бо донандагону нухбагони созу овоз (Хоҷа Нисорӣ, Кавкабии Бухороӣ, Хоҷа Ҷаъфари Қонунӣ, Устод Султонмуҳаммади Удӣ ва дигарон) аз наздик шинос шуда, аз онҳо сабақ гирифтааст. Чанд муддат дар дарбори Шайбониён (1500-99) чун мутриб хидмат карда, аз ҳунари Кавкабии Бухороӣ баҳраманд гардидааст. Иброҳими Карминӣ дар овозхонӣ ва сознавозӣ сабки хосса дошта, пайрави сабки мусиқии бостонӣ буд. Суннатҳои мусиқии мардумиро идома дода, корҳои зиёди ҳунарӣ кардааст. Дар шаклу навъҳои мусиқии «савт», «амал», «қавл», «нақш», «рехта» ва «сунбулӣ» асарҳо эҷод ва дар тазмини усули мақомҳои «Ҳусайнӣ», «Исфаҳон», «Рост» таснифоти зиёд кардааст. Ғазалро неку мегуфт ва бад-ин сабаб дар ҳавзаҳои ҳунарии Бухорову Самарқанд бо номи «Булбули карминӣ» машҳур буд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Иброҳими Карминӣ / А. Раҷабов // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
- Донишномаи Шашмақом. / Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Д., 2009. — С. 83. — ISBN 978-99947-49-13-3.