Иброҳими Мовсулӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Иброҳими Мовсулӣ
Иброҳими Мавсулӣ
Таърихи таваллуд 742
Зодгоҳ ш. Куфа
Пеша(ҳо) сароянда,навозанда

Иброҳими Мавсулӣ (Иброҳим ибни Маймун ибни Баҳман ибни Наск, с.тав. 742-43 Куфа, с.ваф. 805, Бағдод), навозанда, сароянда, шоир ва мусиқидони эронитабори аҳди хилофати араб, асосгу-зори Фарҳангистони ҳунари (академия) Бағдод. Падараш Маймун пури Моҳон (зардуштӣ) аз аҳли Рай буда, чун ғанимат халифаҳо ба Куфа бурда, то охи-ри умр онҷо иқомат намудааст. Модараш ҳам то охири умр ба эътиқоди ниёконаш (зардуштӣ) монда, Иброҳими Мавсулӣ Асосҳои мусиқиро аз падару модараш омӯхтааст. Иброҳими Мавсулӣ чанд муддат дар Мосул зиндагӣ карда, аз устодони мусиқии ниёконаш (Шаҳда, Ҷавония, Сулаймони форс) сознавозӣ, овозхониро омӯхта, дар барбатнавозӣ беназири замон шуд ва тахаллуси «Мавсулӣ»-ро устодонаш ба ӯ додаанд. Иброҳими Мавсулӣ Аз Мосул ба Бағдод омада, дар дарбори Ҳорунарра-шид (786-809) сарварии мутрибони хилофатро ба ӯҳда гирифт. Бо кӯшиши ӯ Фарҳангистони ҳунари Бағдод (с.798) таъсис ёфта ва он тақлиду бардошт аз Фарҳангистони Гунди Шопури Сосониён (222-651) буда, ба он бештар мусиқидонони эронитабор (Залзали Розӣ, Муҳриз, Нашити Форс, Соҳиби Хинсир ва диг.) сафарбар шуданд. Иброҳими Мавсулӣ дар ҳунари иҷроӣ бештар муътакиди сабки қадимӣ («ат-та-риқат-ал-қадима», «ат-тариқат-ал-аҷамӣ») буда, дар фаъолияти эҷодию иҷроии мактаби Бағдод ин ра-вияро таълим медод ва ҷорӣ намуд. Гурӯҳи ромишгарон хилофи ин сабк буданд (Зарёб ва дигарон), лек равияи Иброҳими Мавсулӣ ва пайравонаш такя бар суннатҳои иҷроии эрониён асос ёфта, дар таҳқиқи мусиқии назарӣ бисёр хулосаҳояшро дар заминаи анъаноти мусиқии бостонӣ (Сосонӣ) натиҷагирӣ кардааст. Дар таҳким ва рушди сабки устодонаи иҷроии Иброҳими Мавсулӣ бародарзанаш Мансури Залзал (721-779), ки ромишгари хеле донишманд буд, кумак мекард. Мактаб, сабки эҷодию иҷроӣ, таҳқиқии Иброҳими Мавсулӣ, ки заминаи устувор дошт, навобаста аз зиддияти дигар гурӯҳҳои ҳунарӣ дар Бағдод ва берун эътибори шоис-тае дар ҳаёти мадании хилофати Аббосиён касб кард. Мактаби Иброҳими Мавсулӣро писараш Исҳоқи Мавсулӣ (767-850) бо тозакориҳои эҷодию иҷроӣ, таҳқиқӣ идома дода, дар мактаби илмию амалии мусиқии Бағдод ва берун аз он як равияи асосан устуворро рӯи саҳна овард. Ӯ дар тарбияи сулолаи ромишгарони касбӣ (занону мардон), раққосаҳо саҳми зиёд дошта, бисёр ҳунарварон дар созу овоз берун аз ҳавзаи ҳунарии Бағдод (Зарёб, Муҳриз) сабки макаби ӯро идома додаанд. Иброҳими Мавсулӣ чун мусанниф мероси гаронқадре боқӣ монда, зиёда аз 900 суруду оҳанг эҷод намуда, китобе бо номи «Китоб-ул-мухтор-ул-оғонӣ» нигоштааст. Писараш Исҳоқ осори мусиқии Иброҳими Мавсулӣро дар китоби ҷомеъ бо номи «Китоб-ал-оғонӣ Ибраҳим ал-Мавсулӣ» гирдаворию таҳқиқ намудааст. Табъи баланди шеъргӯӣ дошта, матни аксари асарҳояшро худаш эҷод кардааст.[1]

Ҳамчунин нигаред[вироиш]

Сарчашма[вироиш]

  1. Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. - с. 85 ISBN 978-99947-49-13-3