Иброҳими Қонунӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Иброҳими Қонунӣ
Иброҳими Қонунӣ
Таърихи таваллуд 1478
Зодгоҳ ш. Ҳирот
Таърихи даргузашт 1542
Пеша(ҳо) сароянда,навозанда

Иброҳими Қонунӣ (Амир Иброҳим с.тав.1478 Ҳирот, с.ваф. 1542), қонуннавоз, сароянда, мусиқидон, шоири соҳибдевон, хаттот. Зодаи Ҳирот. Дар зодгоҳаш камолот ёфта, барои такмили пеша ба Сабзавор, Рай, Табриз рафта, дар мусиқӣ (қонуннавозӣ), хаттотӣ ва сурудани асарҳои мусиқии тасаввуфӣ, ҳамосӣ ном баровард. Ӯ дар хидмати Сафавиён (1502-1736), Шайбониён (1500-1598) ба сифати котиб, дафтардори наққорахона, ромишгар (навозанда ва хонанда) будааст. Дар шаклу анвои шеърию мусиқии «савт», «нақш», «амал», «қавл», «кор», «сунбулӣ», «рехта» таснифоти рангини созию овозӣ сохта, дар шеъру шоирӣ табъи равон дошта, бо тахал-луси «Қонунӣ» ғазалу рубоиёт гуфта аст. Дар усули мақомҳои «Бузург», «Рост», «Нақши лаъли ту»-ро сохта, дар ҳаёти мусиқӣ шуҳрати зиёд касб намуда ва матнаш ба қалами И.Қ. аст:

То лаъли ту дилфурӯз хоҳад будан,
Корам ҳаме оҳу сӯз хоҳад будан.
Гуфтӣ, ки ба хонаи ту оям рӯзе,
Он рӯз кадом рӯз хоҳад будан.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Алишер Навоӣ, Маҷолис-ун-нафоис, Тош., 1964; Соммирзои Сафавӣ, Тӯҳфаи Сомӣ, Теҳрон, 1347; Искандарбеки Муншӣ, Таърихи оламорои Аббосӣ, Теҳрон, 1346; Энциклопедияи адабиёт ва санъати то- ҷик, ҷ.1, Душ., 1988.[1]

Ҳамчунин нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. - с. 85 ISBN 978-99947-49-13-3